Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки нисбат ба солҳои гузашта зимистони имсола нисбатан сард мешавад. Аз ин рӯ, ба масъулин дастур дода шуд, ки баҳри омодагии пурра ба мавсими сармо камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад, ҳафтаи равон таҳти раёсати вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода оид ба омодагӣ ба зимистон ҷаласа баргузор гардид.

Худоёрзода қайд кард, ки ҳолати роҳҳо дар тамоми фасли сол, аз ҷумла, дар фасли зимистон маҳз ба корхонаҳои нақлиётӣ, хусусан, ба ронандаҳо вобастагӣ дорад.

“Бисёр вақт аз сабаби пурборӣ ва омода набудан васоити нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо аз кор монда, роҳҳоро маҳкам мекунанд”, - гуфт ӯ.

Вазир ба масъулини ширкатҳо ва муассисоти нақлиётӣ дастур дод, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат кунанд.

“Корхонаю муассисаҳои нақлиёти автомобилиро зарур аст, ки пеш аз ҳама ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, алалхусус, мусофирбарро дар ҳолати омодабош қарор дода, лавозимоти зарурӣ барои ҳаракат дар роҳҳои нақлиётиро ҳангоми боридани барфу борон таъмин кунанд”, - гуфт ӯ.

Таъкид шуд, ки яке аз талаботи асосӣ барои омодабошии воситаи нақлиёт ба фасли зимистон саривақт иваз кардани резинаи чархҳои мошин аз намуди тобистона ба зимистона мебошад.

Ғайр аз ин, дар фасли зимистон воситаи нақлиёт бояд дорои лавозимоти зарурӣ бошад, аз ҷумла, лавозимот барои аз барф тоза кардани воситаи нақлиёт (шётка), яхканак (скребок), белча, занҷир барои чархҳо, такягоҳи зиддиҷаршавӣ ва симтоб (трос).

Ҳамчунин санҷиши дурустии кори радиатор барои таъмини гармӣ дар дохили воситаи нақлиёт (салон), ҳолати коршоямии аккумулятор ва дигар лавозимоти барои воситаи нақлиёт зарур тавсия дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.