Маркази байнулмилалии омӯзиши афкори умум Gallup чанде қабл дар як раддабандӣ Тоҷикистонро шомили феҳристи 12 кишвари амнтарини ҷаҳон кардааст, ки “шабонгоҳ шаҳрвандонашон худро бехатар ҳис мекунанд”.
Ба сегонаи аввали амнтарин кишварҳои дунё Сингапур (97 овоз), Тоҷикистон (94 овоз) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (93 овоз) дохил шуданд.
Рейтинг ба натиҷаҳои назарсанҷии аҳолӣ дар 142 кишвари ҷаҳон асос ёфтааст. Тибқи ин гузориш 1000 нафар сокинони пурсидашудаи Тоҷикистон тасдиқ кардаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона худро бехатар ҳис мекунанд.
Хабарнигорони Asia-Plus шабона ба кӯчаҳои Душанбе баромада, назари сокинонро дар ин маврид пурсиданд. Аксари мардум тасдиқ карданд, ки худро бехатар ҳис мекунанд, вале бархе дар ташвиш аз зиндониёни авфшуда мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.