Дар раддабандии ҷаҳонии кишварҳои шукуфои Legatum Prosperity Index-2019 Тоҷикистон байни 167 давлат зинаи 114-умро ишғол кард.

“Тоҷикистон дар сармояи инсонӣ ва солимӣ нишондиҳандаҳои баландтарин ва дар озодии шахсӣ нишондиҳандаҳои паст дорад. Дар қиёс бо даҳсолаи пеш беҳбуди аз ҳама назаррас дар сармояи иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст”, - қайд мешавад дар рейтинг.

Тавре муаллифони он зикр мекунанд, аз соли 2009 Тоҷикистон дар ин раддабандӣ 8 зина боло рафтааст.

Зимни таҳияи рейтинг муҳаққиқон нишондиҳандаҳои зеринро мавриди омӯзиш қарор додаанд: сифати иқтисод, муҳити тиҷорат, идоракунии давлатӣ, озодии шахсӣ, сармояи иҷтимоӣ, амният, маориф, тандурустӣ ва муҳити зист.

Миёни кишварҳои узви ИДМ Қазоқистон мақоми 68-ум, Беларус – 73, Русия – 74, Қирғизистон – 88, Ӯзбекистон – 103 ва Туркманистон зинаи 108-уро касб кардаанд.

Дар зинаҳои аввали раддабандӣ Дания, Норвегия, Швейтсария ва дар зинаҳои охири он Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Яман ва Судони Ҷанубӣ ҷойгир шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.