Дар хатсайри микроавтобусҳои №25-и нақлиёти ҷамъиятии пойтахт аз маҳаллаи Зарафшон то бозори Меҳргон мусофирбарҳои нави тамғаи AKIA аз 2-юми декабр ба равуо оғоз карданд.
Дар шаҳрдорӣ мутмаинанд, ки шаш автобуси нав ба ҳалли мушкили мусофиркашонӣ дар ин хатсайр кумак хоҳанд кард.
Автобусҳо бо ин хатсайр танҳо субҳу бегоҳӣ, ба истилоҳ замони шиддати кори нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат мекунанд.
“Равуои автобусҳо маънои онро надорад, ки микроавтобусҳо (маршруткаҳо) аз ин хатсайр гирифта мешаванд”, - қайд кард як манбаъ дар дастгоҳи раиси шаҳр.
Тибқи маълумоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазору 900 адад нақлиёти мусофирбар ба сокинон хизматрасонӣ мекунанд, ки 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.
Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ба қайд гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.