Нимаи дуюми рӯзи 4-уми декабр дар Тоҷикистон муддати 1,5 соат интернет дастрас набуд. Сабабҳои ин ҳолат номаълуманд. Имрӯз ҳам интернет гоҳе ҳасту гоҳе нест. Мо саъй варзидем, ки сабабҳояшро бифаҳмем.
“Боиси ин ҳолат садама дар Маркази ягонаи коммутатсионӣ буда метавонад, ки тариқи он тамоми трафики интернет мегузарад. Агар як ширкати фароҳамсози интернет (провайдер) мушкил медошт, танҳо интернети ӯ аз кор мемонд. Аммо дирӯз интернет муддати 1,5 соат дар саросари Тоҷикистон аз кор монд. Аз ин рӯ, ин ҷо мушкил дар Маркази ягонаи коммутатсионӣ аст”, - гуфт ба “Азия-Плюс” коршинос, ки нахост номаш ифшо шавад.
Ба қавли ӯ, дар ширкатҳои мобилии Tcell ва Babilon интернет муддати 10 дақиқа мавҷуд набуд. “Тибқи баъзе маълумот, онҳо хат (канал)-и захиравиро ба кор даровардаанд. Дар ширкати «Tojnet» 2 соат интернет набуд”, -афзуд манбаъ.
Дарёфти шарҳи масъала аз ширкатҳои фароҳамсози интернет муяссар нашуд, зеро онҳо ба зангҳо ҷавоб намедиҳанд, ҳатто дар марказҳои хизматрасонӣ ҳам гӯшии телефонро намебардоранд.
Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев мавҷуд будани мушкилоти дастрасӣ ба интернетро комилан рад кард.
“Ҳамааш сад фоиз кор мекунад”, - гуфт ӯ ва дигар чизеро шарҳ надод.
Дар ҳамин ҳол, зиёни иқтисодӣ аз мавҷуд набудани интернет дар муддати вақти мазкур то ба зиёда аз 120 ҳазор доллар расида метавонад.
Мувофиқи ҳисоби барномаи NetBlocks Cost of Shutdown Tool (COST), агар интернет дар Тоҷикистон ба муддати як соат пурра аз кор монад, талафот 820,867 сомонӣ ($84,825)-ро ташкил дода метавонад.
Яъне зиён дар муддати 1,5 соат 127,2 ҳазор доллар мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.