“Юнистрим” ба хотири дастрас будани хизматгузорӣ фоизашро барои интиқоли пул ба Тоҷикистон коҳиш медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти низоми интиқоли маблағ хабар доданд.
Тарифҳои имтиёзнок (промо-тариф) аз имрӯз, 6-уми декабр амал карда, то 15 январи соли 2020 идома меёбанд.
“Дар ин давра дар замимаи мобилӣ ҳаққи хизматрасонӣ дар ҳаҷми 0.99% (пештар – 1,5%) муқаррар мешавад. Дар бонкҳои шарики низом ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқол 0.95% ва дар шабакаҳои чакана 1.5%-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҳадди ақалли ҳаҷми ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқол дар шабакаи худӣ ду баробар – аз 100 рубл то 50 рубл барои интиқоли маблағи то 5 ҳазор рубл кам мешавад”, - иттилоъ доданд дар хадамоти матбуот.
Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабр дар Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли пул бе кушодани суратҳисоб ба фаъолият оғоз кард.
Айни замон танҳо низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” ҳамгироӣ бо ин Марказро пурра ба итмом расонида, тариқи ин низомҳо шаҳрвандон бемонеа метавонанд амалиёти интиқоли маблағро анҷом диҳанд. Пайвастшавии низоми интиқоли пули “Вестерн Юнион” ба Марказ дар назар буда, доир ба пайвастшавии дигар низомҳо, аз ҷумла, “Золотая корона” алҳол хабар дода намешавад.
Дар бораи чӣ гуна имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристодан, то ки наздиконатон онро бе душворӣ гиранд, бо ин суроға маълумот дарёфт карда метавонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Судебные приставы выдворили из России рекордное количество иностранцев в 2024 году
«Русмостранс» доставит грузы из России в Таджикистан легально
Молодых предпринимателей в Узбекистане поддержат льготными кредитами
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
В коррупции в Минобороны Таджикистана обвинены еще 26 госслужащих
Судья в США обязал администрацию Трампа возобновить программы внешней помощи
5 самых новых и дорогих автомобилей 2024 года: роскошь, мощь и инновации
В Самарканде в апреле пройдет первый саммит Европейский союз — Центральная Азия
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста