Портали саёҳии ТурСтат раддабандии кишварҳоро аз лиҳози писандида будан барои сайёҳони русиягӣ дар соли 2019 нашр кард.
Шумори сафарҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз Русия давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 13% – то 92 ҳазор нафар афзудааст.
Тавре дар маълумот зикр мешавад, Тоҷикистон дар феҳристи сафарҳои сайёҳӣ аз Русия зинаи 42-юмро ишғол мекунад.
Пешсафони сафарҳои сайёҳӣ аз Русия ба хориҷа имсол Туркия, Финландия ва Қазоқистон мебошанд.
Бо натиҷагирӣ аз 9 моҳи соли 2019 ба даҳгонаи аввали кишварҳои барои сайёҳӣ писандидаи русиягиҳо ин давлатҳо зикр шудаанд: Туркия (5 млн. 675 ҳазор нафар), Абхазия (3 млн. 855 ҳазор), Финландия (2 млн. 695 ҳазор), Қазоқистон (2 млн. 471 ҳазор), Украина (1 млн. 857 ҳазор), Чин (1 млн. 712 ҳазор), Эстония (1 млн. 348 ҳазор), Италия (1 млн. 12 ҳазор), Гурҷистон (990 ҳазор) ва Олмон (977 ҳазор).
Гуфта мешавад, соли 2019 шумори умумии сафарҳои сайёҳӣ аз Русия ба хориҷи кишвар 7% – то 35 млн. нафар афзудааст.
Рейтинг аз рӯйи натиҷаҳои таҳлили маълумоти омории сафарҳои сайёҳӣ аз Русия тӯли нуҳ моҳи аввали сол тартиб дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.