Имрӯз, 15-уми январ сарвари давлат Эмомали Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии “Худҷореъ”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” оғози расмӣ бахшиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, тадбири мазкур дар чаҳорчӯбаи “Даҳсолаи байнулмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” ҷиҳати таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ шудааст.
Гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми истгоҳи обтозакунӣ 28-уми ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои замони муосир анҷом ёфт.
Аснои шиносоӣ ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии марҳилаи аввали иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор нафарро қонеъ мекард. Акнун бо ифтитоҳи марҳилаи дуюми иншоот иқтидори истеҳсоли оби тоза дар як шабонарӯз зиёд ва сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин шуданд.
Мавриди зикр аст, ки обполакҳо бо истифода аз навтарин технологияи соҳа сохта шудаанд ва ин аввалин таҷриба дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Иншооти мазкур аз 3 ошёна ва 10 ҳавзи обполоӣ иборат мебошад. Инфрасохтори истгоҳи обполоӣ бо бартариҳои зиёд аз дигар лоиҳаҳо тафовут дорад. Он дар масоҳати ками замин ҷойгир шуда, оби нӯшокиро бо сифати баланд коркард менамояд. Сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши обтозакунӣ ва безараргардонии оби нӯшокӣ оғоз гардида буд.
Лоиҳакаш ва паймонкори истгоҳи обполоӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Ширкати муштараки олмонию итолиёвии Людвиг Пффайфер - Эмит (“Ludwig Pfeiffer - Emit”) буда, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ҳамин ширкатҳо дар якҷоягӣ бо мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар таъминоти саривақтӣ ва мунтаззами аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тоза ҳавзҳои танзими шабонарӯзии Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” аҳаммияти калон доранд. Он аз се ҳавзи ҷудогонаи обтакшинкунӣ бо ғунҷоиши аз 330 то 380 ҳазор метри мукааб об иборат мебошад.
Дар коркарду безараргардонии оби нӯшокии барои муштариён интиқолшаванда коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад. Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи гипохлориди натрий – маҳлул барои безараргардонии оби нӯшокӣ истеҳсол карда мешавад. Дар он 3 хатти истеҳсолӣ васлу насб шудааст ва маводи зарурӣ дар марҳилаҳои ҷудогона, аз ҷумла, омода кардани намакоб ва тоза кардани он аз дигар пайвастагиҳои кимиёвӣ тайёр мешавад. Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон, баҳри иқтидори солонаи иншоот ва коркарди пурраи оби нӯшокӣ барои сокинони шаҳри Душанбе аз 550 то 600 тонна намак истифода мегардад.
Дар ин иншоот ҳамчунин сохтмони бинои маъмурӣ, бинои истгоҳи трансформаторӣ, коргоҳи автоматикии коагулятсия ва флокулятсия, бунёди амбори пойгоҳ ва кашонидани хатти қубури қутраш аз 1000 то 1600 миллиметр дар масофаи 1,1 километр иҷро шудааст.
Мактаби нав барои 2000 хонанда
Раисҷумҳур ҳамчунин дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-ро ифтитоҳ кард.
Бинои нав дар ҷойи бинои куҳнаву фарсуда ва якошёнаи муассисаи мазкур, ки солҳои 50-уми қарни гузашта сохта шуда буд, дар кӯчаи Деҳлавӣ қомат афрохтааст. Иншооти чорошёнаи навбунёдро сохтмончиён замонавӣ, бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд кардаанд.
Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёқут – 2000” дар муддати як сол ва бо ҷалби беш аз 100 нафар коргарони маҳаллӣ анҷом додааст.
Бинои таълимӣ дар масоҳати 1820 метри мураббаъ бунёд шуда, он барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Масоҳати умумии иншоот бо фарогирии қитъаҳои сабзкоришуда 5500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ба раисҷумҳур иттилоъ дода шуд, ки бино аз 38 синфхона, 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, маҷлисгоҳ бо 344 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Китобхонаи муассиса дорои 3600 нусха китоби дарсӣ, 1400 нусха китоби бадеӣ, 1000 нусха китоби бачагона ва 450 нусха дастурҳои таълимист. Қироатхонаи китобхона бо 40 ҷойи нишаст ва 7 компютер фарогири миқдори зиёди китобҳои гуногуни электронӣ мебошад.
Зимни шиносоии сарвари давлат бо имконоти таълиму тадрис дар ин муассиса маълум гардид, ки синфхонаҳои фаннии он, аз ҷумла, синфхонаҳои лингафонӣ, химия, физика ва биология пурра бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар синфхонаи технологияи иттилоотӣ 30 компютер васлу насб шудааст, ки ҳар кадоми он ба шабакаи интернет пайваст аст.
Ошхонаи муассиса, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 160 ҷойи нишаст мебошад ва дар он бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба хонандагону омӯзгорон хизмат расонида мешавад.
Дар ошёнаи дуюми бино барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон гӯшаи шоҳмотбозӣ ва дар ошёнаи сеюм ҷиҳати тарғиби фарҳанги миллӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил шудааст.
Дар таҳхона синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва анбору буғхона ҷойгир мебошад. Низоми гармидиҳии муассиса ба шабакаи мутамаркази гармидиҳии шаҳр пайваст аст.
Ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаи музкур бо 32 адад камераҳои мушоҳидавӣ, ки дар як вақт имкони сабти ҳам навор ва ҳам садоро бо сифати баланд доранд, назорат карда мешавад.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65, ки ҷавобгӯйи стандарти байнулмилалӣ мебошад, дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мулоқот гузаронда, зимнан аз омӯзгорон масъулиятшиносӣ дар корҳои таълим ва истифодаи самараноки имконоти муосирро талаб кард ва хонандагонро ба донишандӯзию фарогирии касбу ҳунар ҳидоят намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 ноября 2024 года
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста