Пас аз дархости раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини бехатарии мусофиркашонӣ ва беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ, Вазорати нақлиёт фармоиш дод, ки истифодаи мошинҳои истеҳсолашон то соли 2014 дар хадамоти таксии пойтахт манъ карда шавад.
Сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, ин қарор бо мақсади афзалият додан ба нақлиёти ҷамъиятии бузургҳаҷм қабул шудааст.
“Мувофиқи меъёрҳо, дар Душанбе барои 1000 кас як нақлиёти ҷамъиятӣ зарур буда, бо таксиҳо асосан ба масофаҳои кӯтоҳ – аз 3 то 5 км мераванд. Онҳо набояд бо ин хатсайрҳо равуо кунанд”, - қайд кард Давлатов.
Ба ақидаи ӯ, маҳз бинобар зиёд будани шумори таксиҳо дар роҳҳои шаҳр ҳодисаҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд меояд.
Тибқи маълумоти сарвари корхона, айни замон 2300 мошини сабукрав ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд, ки 1271-тои онҳо автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2014 буда, тасмим гирифта шудааст, ки маҳз ҳамин миқдор нақлиёти мусофиркаш аз роҳҳои шаҳр гирифта мешавад.
Бо фармоиши вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода аз 19-уми апрели соли 2019 таҳти №83, шурӯъ аз соли 2020 ба мошинҳои истеҳсоли то соли 2014 хизматрасонӣ ба мусофирон дар хадамоти такси иҷоза дода намешавад. Аз 11 хадамоти таксии пойтахт танҳо ширкати “Олуча такси” аз иҷрои ин фармоиш озод аст, зеро ҳамаи мошинҳояш истеҳсоли 2017 мебошанд.
Барои шаҳр суръати миёна барои ҳаракати троллейбусу автобус ва таксиҳо пешбинӣ шудааст. Аксари таксиронҳои шаҳри Душанбе қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд.
- Ин мошинҳо дигар ба мусофиркашонӣ машғул намешаванд. Бар асари ҳамеша дар ҳаракату равуо будани онҳо, бисёр вақт ҳодисаҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд меояд, - гуфт номбурда.
Ба қавли ӯ, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, ба автомашинаҳои кӯҳна мусофиркашонӣ иҷоза дода намешавад.
“Кӯҳнатарини нақлиёти ҷамъиятии мо 8-сола аст. Қариб ҳамаи мошинҳои мо наванд. Чанд рӯз пеш 8 троллейбуси нав ба Душанбе оварда шуд. Ният дорем, ки боз 100 троллейбуси нав биёрем”, - таъкид дошт сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 января 2025 года
Какими заболеваниями мы будем болеть в 2025 году?
В Кыргызстане принят закон о реабилитации жертв политических репрессий
На трассе в Казахстане столкнулись около 100 автомобилей
Президента Южной Кореи не смогли арестовать из-за сопротивления службы безопасности
В Таджикистане провели первую эндоваскулярную операцию на головном мозге
В Таджикистане с 1 января подорожала аренда недвижимости
В России вступают в силу ограничения на получение РВП и ВНЖ по браку
В Афганистане мужчинам запретили брить бороды и стричься в «западном стиле»
Цены на золотые слитки Нацбанка Таджикистана в 2024 году взлетели почти на 26%
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста