Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳамчун мақоми ваколатдор бо ирсоли мактуби расмӣ аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дархост кардааст, ки то муътадил шудани вазъият сафарҳои корӣ ва сайёҳиву тиҷории шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии мардумии Чин маҳдуд кунанд. Дар ин бора имрӯз, 21-уми январ муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита Вазорати тандурустӣ аз сохторҳои мазкур ҳамчунин дархост кардааст, шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд, тамоми маълумот дар бораашон сабт карда шуда, онҳоро аз муоинаи тиббӣ гузаронанд ва таҳти назорат қарор диҳанд.
“Мо ҳоло танҳо дар пайи ҳимояи саломатии шаҳрвандони худамон ҳастем, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар худдорӣ бикунанд. Ҳаққи маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони дигар кишварҳоро надорем. Аз мақомоти марбута хоҳиш кардем, нафароне, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба кишвари мо сафар мекунанд, ном ва мавзеъи будубоши онҳоро ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод кунанд. Мақсад танҳо таҳти назорат гирифтани ин афрод мебошад, чунки барои муайянсозии беморӣ давраи ниҳоӣ аз 2 то 3 шабонарӯз мебошад. Ин шаҳрвандон тӯли як ҳафта зери назорати табибон қарор мегиранд ва дар ҳолати пайдо нашудани аломати беморӣ, ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида мешаванд”, - изҳор дошт Камолзода.
Вай афзуд, ки вазъият дар кишвар ором мебошад ва корҳои профилактикӣ дар тамоми идораву сохторҳои марбута роҳандозӣ шуда, системаи омодабошӣ фаъолият дорад ва ҷиҳати пешгирии беморӣ чораҳо андешида мешаванд.
“Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳавоии Тоҷикистон нуқтаҳои санитарии карантинӣ мавҷуданд. Танҳо дар ҳолати бонги хатар аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин нуқтаҳо фаълияти худро пурзӯр карда, шабонарӯзи фаъолият мекунанд. Дар фурудгоҳҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ таҳҷизотҳои зарурӣ аз қабили тепловизор ва теплосканер насб карда шудаанд, ки ҳар як мусофири аз Чин меомада тавассути онҳо аз назар гузаронида мешаванд”, - гуфт муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, дар Чин аллакай садҳо нафар гирифтори вируси номаълуме шудаанд, ки боиси илтиҳоби шуш мегардад. Хуруҷи ин беморӣ дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта мушоҳида шудааст. Ташхиси гирифторон муайян кардааст, ки ангезандаи он коронавирус буда, сабабгори бемории роҳҳои нафас, меъдаю рӯда ва асабҳо мешавад. То 20-уми январ аллакай садҳо нафар дар Чин гирифтори ин беморӣ шуда, 4 кас фавтидаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Выпускников школ Таджикистана заставляют сдавать документы в Национальный центр тестирования
В Таджикистане успешно проведена уникальная операция: малоинвазивная эндоскопическая стентировка желудка
Россия повысила уровень представительства Афганистана в Москве
В Душанбе напомнили о значении победы в Великой Отечественной войне
Отставки в футбольном чемпионате Таджикистана: кто кого сменил?
ФСБ России: в Нижегородской области уничтожили готовивших теракт «выходцев из Средней Азии»
Как устроено производство общественного транспорта в Китае: репортаж с завода Yutong
В Душанбе состоится творческий вечер мастера детективного жанра Шарифбека Азизи
Таджикские овощи и фрукты теряют рынок в Казахстане. Почему это происходит?
Труженик и патриот своей страны: Юсуфджону Ахмадову – 75 лет
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста