Чин иртиботи заминии автомобилиро бо Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳи назоратии “Қулма” қатъ кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, равуои нақлиёти автомобилӣ байни кишварҳо аз ҷониби Чин бо сабаби ҷашни Соли нав дар ин кишвар қатъ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, айни замон равуо тариқи гузаргоҳи назоратии “Қулма” ҳам аз ҷониби Чин ва ҳам аз ҷониби Тоҷикистон боздошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки бар асари хуруҷи коронавируси нав дар Чин, иртиботи автомобилии он қариб бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя қатъ шуд. Рӯзи 27-уми январ сарҳади байни Қирғизистону Чин низ баста шуд.
Ҳамчунин аз 23-юми январ парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Чин қатъ карда шуд. Ҳам парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” ба ин кишвар ва ҳам парвозҳои ширкати South China Airlines ба Тоҷикистон мутаваққиф шуданд.
Дар ширкати “Сомон Эйр” қатъи парвозҳоро чунин маънидод карданд, ки ҳамасола дар ин мавсим бинобар сабаби ҷашни Соли нав дар Чин, ширкат парвозҳоро ба самти ин кишвар анҷом намедод.
Бино ба маълумоти ВАО, бар асари хуруҷи вирус ҳамаи чорабиниҳои идона ба муносибати Соли нав дар Пекин бекор карда шудааст.
Тавре Reuters хабар медиҳад, бино ба маълумоти телевизиони давлати Чин, дирӯз дар Пекин нахустин ҳодисаи ҳалокати шахс бар асари сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. То охири моҳи январ дар Пекин наздики 80 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Медиазона. Центральная Азия" объявила о приостановлении работы
На дороге Душанбе-Чанак перевернулся автомобиль со сжиженным газом
Рособрнадзор изменит проект об оценке знания русского у детей мигрантов
Экстренный саммит лидеров ЕС в Париже: обсудили увеличение расходов на оборону и гарантии безопасности Киева
Кохир Расулзода начал официальный визит в Иран
В Таджикистане наградили денежными премиями отличившихся спортсменов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 18 февраля 2025 года
«Азия-Плюс» передала более 300 книг в детскую колонию Таджикистана
Таджикистанцы в России направили более $1 миллиона на развитие Хатлонской области
«Если вспомню о тебе...». В Душанбе прошел вечер памяти Мукаддас Набиевой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста