Дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ҳамсоякишвари Чин, дар Тоҷикистон тадбирҳои пешгирӣ ва омодакунии муассисаҳои тиббӣ ҷараён доранд.
Шуъбаҳои сироятии муассисаҳои тиббии кишвар шабонарӯзӣ фаъолият доранд ва ҳар як шахс метавонад ба ин ҷойҳо омада, ташхис супорад. Ин ташхисҳо барои ҳама бепуланд. Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар метавонанд ба шуъбаҳои сироятӣ занг зада, ба суолҳои худ дар бораи ин беморӣ посух гиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.
Беморхонаҳои сироятӣ:
Душанбе – 907725432
Мурғоб – 935843770, 937036461
Хоруғ – 937335745
Исфара – (83462) - 21843
Кӯлоб – 985656567
Хуҷанд – (83422) - 55450, - 43911
Бохтар – (83462) - 21843.
Ёдрас мекунем, ки ба сурати умум дар саросари кишвар барои шахсони аз Чин меомада 4 ҳазор минтақаи карантинӣ омода карданиянд. Санҷиши аломатҳои сироят аз вирус дар фурудгоҳ оғоз мешавад, ки дар биноҳои ҷудогонаи он барои анҷоми ин кор таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.
“Дар маҷмӯъ барои 4 ҳазор ҷой минтақаҳои карантинӣ тайёр карданием. Дар беморхонаи сироятии пойтахт беш аз 250 нафар дар карантин қарор доранд, бархе аллакай муддати беш аз 8 рӯз. Бо гузашти 14 рӯз онҳо ҷавоб дода шуда, мутаносибан ҷойҳои онҳо холӣ мешавад”, - шарҳ дода буд қаблан ба “Азия-Плюс” директори МД “Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон”, доктори улуми тиббӣ Самариддин Алиев.
Тибқи маълумоти вазири тандурустии кишвар Насим Олимзода, бинобар сабаби роҳандозии тадбирҳои пешгирии паҳншавии коронавируси нав, айни замон дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ 645 нафар бистариянд.
Аз ин маводи мо дар бораи аломатҳои коронавирус маълумоти муфассалтар пайдо карда метавонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.