Русия ба кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳудуди 800 маҷмӯаи тест-низомҳои шакли навро барои ташхиси коронавирус дар озмоишгоҳ (лаборатория) дод.

Бино ба иттилои сомонаи Роспотребнадзор, тест-низомҳо дар маркази илмии вирусшиносӣ ва биотехнологияи “Вектор”-и назди ин хадамот коркард шудаанд.

Гуфта мешавад, ин тест-низомҳо инчунин ба Озарбойҷон, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ ва Эрон фиристода шудаанд. Онҳо ба мутахассисон барои баргузории 80 ҳазор таҳқиқот имкон медиҳанд.

Роспотребнадзор дар робита ба бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Эрон, ба ин кишвар 500 маҷмӯаи чунин тест-низомҳоро ба таври ройгон дод, ки барои гузаронидани 50 ҳазор ташхис пешбинӣ шудааст.

Зикр мешавад, ки айни замон тест-низомҳои Роспотребнадзор ба 10 кишвари хориҷи дур ва наздик фиристода шуда, бо истифода аз онҳо дар қаламрави кишварҳои Арманистону Беларус ҳолатҳои беморӣ ошкор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.