Хадамоти зиддинҳисорӣ аз 1-уми май пардохти ҳатмии ҳармоҳаи 80 дирамро барои хизматрасонӣ ба рақам бекор мекунад. Дар ин бора ширкатҳои мобилӣ муштариёни худро 15-уми март дар Рӯзи байнулмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон огоҳ карданд.
Пардохти ҳатмии ҳармоҳаро аз 1-уми июли соли 2015 ҳамаи муштариёни ширкатҳои мобилӣ бо талаби Хадамоти алоқа пардохт мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, аз ширкатҳои мобилӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки нақшаҳои нави тарифҳо таҳия мешаванд. Дар бораи ба пардохти ҳатмии ҳармоҳа рабт доштани он чизе гуфта нашуд.
“Пардохти ҳатмии ҳармоҳаро бекор карданд ва ин хуб аст. Лекин операторонро уҳдадор карданд, ки барои муштариёни худ тарифҳои нав таҳия кунанд. Баъзе ширкатҳо тарифҳои пешинаро бекор карда, муштариёнро ба тарифҳои нав мегузаронанд. Дигар ширкатҳо ин корро дар нақша доранд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар яке аз ширкатҳои мобилӣ.
Тарифҳо то кадом андоза боло мераванд, алҳол маълум нест.
“Шояд тарифҳои нав ҳам аз 1-уми май амал кунанд. То чӣ андоза қимат шудани тарифҳо алҳол номаълум аст. Вақт нишон медиҳад”, - иброз дошт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ширкати мобилии “Мегафон Тоҷикистон” муштариёни худро аз қатъи амали тарифҳояш огоҳ кард.
“Дар робита ба қатъи амал нақшаи тарифии “Всё включено” шумо ба тарифи нав “Включайся: Открывай 2020+” гузаронида мешавед. Дар ин тариф гуфтугӯи номаҳдуд дар дохили шабака, 10 дақиқа дар дохили Тоҷикистон, 300 мегабайт интернет пешбинӣ шудаст. Пардохт 10 сомонӣ/10 рӯз”, - қайд мешавад дар огоҳиномаи ширкат.
Қаблан маблағи пардохти тарифи “Всё включено” 6 сомониро ташкил дода, лекин 10 дақиқа дар дохили Тоҷикистон ва 300 мегабайт интернет вуҷуд надошт. Ин тариф ба андозаи 66% гарон шуд.
Ба иттилои манбаъи “Азия-Плюс”, тарифҳои нав ба ҳисоби миёна 20% гаронтар хоҳанд буд.
Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз шарҳи ҷузъиёти масъала худдорӣ варзида, ваъда доданд, ки имрӯз ба масъала рӯшанӣ меандозанд.
Қаблан дар нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ марбут ба ин масъала изҳор шуда буд, ки “ба ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа ҷиҳати асоснокии ҳар моҳ ситонидани 80 дирам аз муштариён барои хизматрасонӣ ба рақам дархост фиристода шудааст”.
“Ба ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа барои пешниҳоди ҷавобҳо ба ин дархост як моҳ муҳлат дода шуда, пас аз омӯзиши натиҷаҳои он Хадамот ба ВАО дар ин хусус маълумоти муфассал пешниҳод мекунад”, - изҳор дошта буд раиси Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муъминзод.
Ӯ зикр карда буд, ки баъзе ширкатҳо арзиши хизматрасониҳои худро аз соли 2011 бозбинӣ накардаанд ва аз ин рӯ, барои рӯйпӯш кардани хароҷоти худ дар муқоиса бо варақаҳои пардохт маблағи зиёдтар меситонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.