Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус, дар тамоми маҳбасҳои Тоҷикистон вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон манъ шудааст. Ҳамзамон қабули дастовезу хӯрокворие, ки наздикону хешовандони маҳбусон барои онҳо меоранд, иҷозат аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров хабар дод.
“Дар Тоҷикистон, тавре шумо медонед, бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо бо мақсади пешгирӣ, дар асоси дастурҳои президент, дар Вазорати адлия нақша ва чорабиниҳои махсус таҳия карда шуданд, ки онҳо аз 31-уми март дар маҳбасҳо татбиқ карда мешаванд”, - гуфт Мансурҷон Умаров.
Вай афзуд, ки дар баробари чораҳои санитарӣ, дар байни маҳбусон корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида мешаванд.
“Мо ниқобҳои махсуси тиббиро дар байни маҳбусон, сардорони штабҳо ва бригадаҳо омода ва тақсим кардем. Ҳар касе, ки ба муассисаҳои ислоҳӣ медарояд, дастони худро бо маҳлулҳои махсус коркард мекунад. Мо инчунин ба ҳама муассисаҳои ислоҳӣ асбобҳои ҳароратсанҷ (термометр) харида, тақсим кардем”, - гуфт Умаров.
Ба қавли ӯ, дар ҳар як боздоштгоҳи тафтишотӣ утоқҳои махсуси карантин ташкил шудааст, ки дастгиршудагон дар он ҷо 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 30-юми марти соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Любовь к природе и простому труженику. В Душанбе открылась выставка художника Фарруха Негматзаде
Как таджикские кавалеристы не дали немецкой армии вырваться из Сталинграда
Под натиском парниковых газов и пылевых бурь. Как остановить исчезновение ледников в Таджикистане?
Каких животных нельзя держать в столице? Напоминаем правила, ведь штрафы возросли
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 февраля 2025 года
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста