Пас аз рӯзи 5-уми апрел нашр шудани хабар дар бораи фавти марде дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, аҳолии минтақаи шимоли Тоҷикистон ба ташвиш афтоданд. Нахуст мардум ба рӯяшон ниқоб баста, аксарият хонанишиниро ихтиёр карданд ва фарзандонашонро нагузоштанд, ки ба мактаб раванд. Аммо ин дер давом накард: то итминони Вазорати тандурустӣ роҷеъ ба он, ки дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Мо аз бозори шаҳри Хуҷанд боздид кардем, то ки бо вазъи имрӯзаи он шинос шавем.
Савдогарони бозори “Панҷшанбе” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки як рӯз пеш харидорон зиёдтар буданд ва асосан, орду биринҷ ва равғану макарон хариданд.
Кам будани шумори мизоҷонро дар бонкҳои Хуҷанд бо он маънидод мекунанд, ки дар Русия карантин эълон шуда, интиқоли пул бамаротиб коҳиш ёфт ва аз ин рӯ, муроҷиати одамон ба ин бонкҳо низ кам шуд.
Рӯзи 6-уми апрел муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев дар нишасти хабарӣ гуфт: “Овозаҳо дар бораи он, ки сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов , ҷамоати “Ҳаёти нав” Ҳабибулло Шодиев гӯё аз коронавирус фавтидааст, ягон асоси воқеӣ надорад. Ташхисҳо нишон доданд, ки анамнез ё ҳолномаи эпидемиологии бемории ӯ нисбат ба коронавирус ягон алоқамандӣ надорад. Ӯ аз илтиҳоби шуш (пневмония) фавтидааст”.
Вай афзуд: “Ҳоло дар вилоят ягон манбаъи сироятёбии коронавирус ошкор нашудааст. Он 13 нафаре, ки дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ кардем, дар байни онҳо ягон ҳолати сироятёбии коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст ”.
“Шахсоне, ки ҳарорати баданашон баланд буд, мо аъзои оилаҳои онҳоро низ ба карантин гирифтем. Ба назарам, аз ҳамин як нофаҳмӣ дар байни аҳолӣ пайдо шуд ”, - иброз дошт Ҳоҷибоев.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.