Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Русия Татяна Москалкова ба хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст: “Дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд, ки бояд ихроҷ шаванд, вале ҷумҳурӣ сарҳадро баста, онҳоро қабул намекунад”.
Москалкова гуфтааст, айни замон онҳо дар марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доранд.
“Ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода ва барои бурдани онҳо имконият ҳаст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо ҳамаи санадҳои интиқоли онҳоро тайёр карданд, аммо давлат сарҳадро баста, онҳоро қабул намекунад”, - овардааст гуфтаҳои ӯро РИА Новости.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин маълумот додааст, ки имрӯз дар Русия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд, ки хоҳиши ба ватан баргаштанро доранд, лекин аз сабаби баста шудани сарҳад ба ин кор имкон надоранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба вазъи бамиёномада Русия бо сафоратхона ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон доир ба ин масъала гуфтушунид карданист.
Рӯзи 10-уми апрел ҳукумати Тоҷикистон ба вуруд ва хуруҷи ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ кард. Дар он роҷеъ ба шаҳрвандони Тоҷикистон сухан намеравад.
Ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, татбиқ намешаванд.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар ҳолати зарурати баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои мазкур дохил нестанд, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ омода аст, муроҷиатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ташкили парвозҳои махсусро баррасӣ кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.