Ба муносибати 75-умин солгарди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва Соли ёдбуду шараф Лоиҳаи федералии “Иртиботи наслҳо – таърих дар номаҳо” оғоз гардид.

Тавре Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе хабар медиҳад, ба туфайли платформаи нави рақамии historyinletters.ru ҳар нафари хоҳишманд тариқи ҷавоб ба мактуб аз ҷабҳа (фронт), ки аз замони ҷанг боқӣ мондааст, метавонад паёми худро ба гузашта фиристад, ба сарбози ҷавон ва коргари ақибгоҳ муроҷиат карда, барои ҳаёти ҳозира изҳори сипос кунад.

Ин торнамо имкон медиҳад, ки ҷавоб дар шаклҳои матн, аудио (овозӣ) ё навори видео илова шавад. Ҳар як иштирокчии иқдом ҳамчунин аз бойгонии шахсии оилавии худ метавонад ба портал мактуб гузорад.

Дастандаркорони портал хотиррасон мекунанд, ки замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мактубҳо аз фронт чӣ нақшу таъсир доштанд.

Давраи ҷанг номаи секунҷа аз фронт рамзи умед ва ягона воситаи робитаи сарбоз бо пайвандонаш буд. Ин ҳуҷҷатҳои арзишманди таърих ҳақиқати комил дар бораи он замони душвор буд. Онро дар қундоқи автомат сари зону, тахтаҳои сӯхта байни харобиҳо, дар пушти ҳамяроқон менавиштанд.

Давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аскарон беш аз 11 млрд мактуб навиштанд.

Мутаассифона, на ҳамаи онҳо ба каси таъиншуда расиданд, аксарият ҳамин тавр бе ҷавоб боқӣ монданд.

Албатта, мактубҳои ҷавобии электронии моро акнун сарбозон воқеан хонда наметавонанд. Аммо наслҳои оянда бо он шинос мешаванд. Ба ин васила иртиботи пур аз хотироти наҷиб, ғамхорӣ ва некӣ ҳосил мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.