Намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Маргарет Харрис изҳор дошт, ки пандемияи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ҳоло ба авҷи ниҳоии худ нарасидааст.
Тавре Медуза бо истинод ба Reuters хабар медиҳад, дар Аврупо вазъ гуногун аст: дар Италия ва Испания вазъи марбут бо коронавирус беҳтар шуда, лекин дар Британияи Кабир ва Туркия ҳоло ҳам афзоиши шумори сироятёбӣ сабт мешавад.
Гуфта мешавад, ба Аврупо ва ИМА дар маҷмӯъ 90%-и ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус рост омада, дар Чин то ҳанӯз ҳолатҳои аз хориҷ воридшудаи коронавирус, асосан аз Русия ба қайд гирифта мешаванд.
Намояндаи Созмон қайд кардааст, ки барои тайёр кардани ваксина аз коронавирус камаш як сол вақт лозим аст.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, ба санаи 14 апрел шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар саросари ҷаҳон 1,934 млн нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 464 ҳазор нафар аз беморӣ шифо ёфта, 120 ҳазор нафар фавтиданд. Шумори аз ҳама бештари фавтидагон аз COVID-19 дар ИМА сабт шудааст.
Чанде аз кишварҳои Аврупо ба сабуксозии маҳдудиятҳо, ки аввали моҳи март бо сабаби коронавирус ҷорӣ карда буданд, оғоз намуданд. Аз ҷумла, дар Испания ва Италия фаъолияти баъзе корхонаҳо ва ширкатҳои хизматрасонӣ барқарор шуд. Дар Дания кӯдакистонҳо дубора боз шуда, дар Австрия чанде аз фурӯшгоҳҳо ба кор шурӯъ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.