Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки дар Муассисаи давлатии “Шифобахш” (Маркази миллии тиббӣ, Қарияи Боло) табибонро уҳдадор кардаанд, ки аз ҳисоби худашон воситаҳои муҳофизат харида, ба мубориза бо хуруҷи коронавирус омода шаванд.

Лекин роҳбарияти муассиса ин маълумотро беасос медонад.

Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” чанде аз табибон изҳор доштанд, ки либосҳои муҳофизатии тиббиро аз ҳисоби худашон мехаранд.

“Маҷмӯи пурраи чунин либосро мо чанде пеш бо нархи 450 сомонӣ харидем. Шояд танҳо ба табибони шуъбаҳои қабул ва эҳёгарӣ бепул чунин либос медиҳанд. Лекин аксари шуъбаҳои марказ бар асоси ҳисоби хоҷагӣ кор карда, табиист, ки хилъатҳои шахсӣ ва дигар лавозимотро табибон худашон дастрас мекунанд”, - гуфт ба “Азия-Плюс” як корманди маркази тиббӣ, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Дар минтақаҳо ҳам аҳвол чунин аст

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи табибон аз минтақаҳо, раҳбарияти беморхонаҳо онҳоро ба харидани воситаҳои муҳофизат аз ҳисоби худашон маҷбур кардааст.

“Дар беморхонаи мо ҳамаи шуъбаҳоро уҳдадор карданд, ки миқдори муайяни ниқобу дастпӯшак ва либоси муҳофизатӣ харем. Чун дар шуъбаҳо фонди алоҳида нест, мудирон ва дигар кормандони тиббиро ба харидани воситаҳои муҳофизатӣ аз ҳисоби худ уҳдадор карданд”, - хабар дод як табиб аз вилояти Суғд.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати тандурустӣ ба беморхонаҳои минтақа тавсия додааст, ки воситаҳои муҳофизатиро аз ҳисоби худашон дастрас кунанд.

“Дар Вазорат ба мудирони беморхонаҳо гуфтаанд, ки рӯйхати лавозимоти намерасида, аз ҷумла, воситаҳои муҳофизатиро тартиб дода, барои ҳалли ин масъала ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кунанд ва ба Вазорати тандурустӣ умед набанданд”, - гуфт манбаъ.

Вазорат беморхонаҳоро уҳдадор кард

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба беморхонаҳо супориш додани харидории воситаҳои муҳофизатиро ба кормандони худ рад накарда, изҳор доштанд, ки чунин дастур ба беморхонаҳое дода шуд, ки беморонро пулакӣ қабул мекунанд.

“Агар маблағи буҷети беморхона кифоя набошад, онҳо ҷиҳати кумак ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карда метавонанд, зеро Вазорат дар як вақт ҳамаи муассисаҳои тиббиро бо воситаҳои муҳофизат таъмин карда наметавонад. Кумакеро, ки аз созмонҳои байнулмилалӣ гирифтем, аллакай тақсим кардем. Ин кумак барои ҳамаи беморхонаҳои кишвар кофӣ нест”, - хабар доданд дар Вазорати тандурустӣ.

Тибқи маълумоти расмӣ, то 21-уми апрел дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.