Пас аз эътирофи расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, аксари қаҳвахона ва тарабхонаҳои Душанбе кори худро қатъ карданд. Дар шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ки алҳол дар ин бора расман қарор қабул нашудааст.

Маълум шуд, ки аксари қаҳвахона ва тарабхонаҳо ба муҳлати номуайян мустақилона фаъолияташонро боздоштаанд.

Тарабхонаи нави туркии Sait Efendi Tajikistan, ки чанде пеш дар маркази савдои “Ашан” боз шуд, алҳол бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, инчунин тибқи фармоиш ғизо ба нуқтаҳои гуногуни шаҳр расонида мешавад.

Ба гуфтаи корманди ин тарабхона Акбар Эгамов, рӯзҳои ахир шумори мизоҷон кам шудааст.

Sait Efendi Tajikistan

“Вазъ дар ҳама ҷо якхела аст, - мегӯяд ӯ. - Алҳол барои бастани тарабхона зарурати шадиде намебинем, чунки дар кишвар карантин ҷорӣ нашудааст. Ҳозир мизоҷон кам шуда, лекин бар ҳол ҳастанд. Хусусан шомгоҳон”.

Тарабхонаи кореягии KAYA низ кор карда истодааст. Он барои қабули меҳмонон боз буда, инчунин барои расонидани хӯрок ба ҷойи таъиншуда фармоиш қабул мешавад.

“Субҳ биноро пурра тоза мекунем, - хабар дод корманди муассиса. - Лекин бо сабаби хатари коронавирус қариб ҳамаи мизоҷонро аз даст додем. Бисёре аз муассисаҳо айни замон пурра баста шуда, мо алҳол кӯшиш дорем, ки корро идома диҳем, намедонем, ки то кай зӯрамон мерасад”.
шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба гуфтаи номбурда, фармоишҳои ба нуқтаи таъинот расонидани хӯрок низ мисли пешин бисёр нестанд.

“Шояд ин натанҳо ба коронавирус, балки ба моҳи Рамазон ҳам вобаста бошад, ки бисёр касон рӯзадоранд”, - илова кард ӯ.

Чанде пеш тарабхонаи Meat club "YAK"  бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошт, лекин ба гуфтаи мудири муассиса Заррина Умарова, ҳозир камшавии мизоҷон ба назар мерасад.

Дар саҳифаи тарабхона дар Facebook гуфта мешавад, хизматрасонии ба нуқтаи таъинот бурдани хӯрок дар шаҳри Душанбе комилан бепул аст.

“Ҳозир мувофиқи фармоиши расонидан ба нуқтаи таъинот кор мекунем, - мегӯяд ӯ. - Мизоҷон худ ба худ бедарак шуданд: шояд бо сабаби моҳи Рамазон ё вирус. Аммо мисли пешин одамон хӯрокро зиёд ба хонаҳояшон фармоиш медиҳанд”.

Тарабхонаи туркии писандидаи сокинони шаҳр - Citir Usta низ аз 5 май фаъолияти худро бозмедорад.


“Мо намехоҳем, ки кормандон ва мизоҷонамон ба беморӣ гирифтор шаванд, - мегӯяд мудири муассиса Музаффар Одинаев. - Вобаста ба вазъи марбут бо бо коронавирус дар шаҳр ва агар ҳамааш зери назорат шавад, шояд ба корамон идома диҳем”.

Дар қаҳвахонаи Mazza дар навбати худ хабар доданд, ки як муддате фаъолияти худро қатъ намуда, айни замон тибқи фармоиш ба ҷойи таъинот кор мекунанд.

Mazza
tripadvisor.com

То ин дам дар Телеграм чатботи @mazzagallery таъсис дода шуд, ки дар он ҷо метавон бо рӯйхати ғизоҳо шинос шуда, дилхоҳашро фармоиш дод.  

“Зимни фармоиши хӯрок бо нархи то 100 сомонӣ барои ба ҷойи таъинот расонидани он 5 сомонӣ, фармоиши беш аз 100 сомонӣ - бепул расонидан ва фармоиши зиёда аз 100 сомонӣ - бепул расонидан ва интихоби 1 литр лимонади ройгон пешниҳод мешавад”, - мегӯяд корманди муассиса Манижа.

Дар Маркази савдои “Ашан” ба ҷуз SFC Chicken, Max biff Burger ва Sait Efendi, қариб ҳамаи нуқтаҳои хӯроки умумии воқеъ дар фуд-корт баста шудаанд.

Asia-Plus

Дар қаҳвахона ва тарабхонаҳое, ки ба кор бо реҷаи муқаррарӣ идома медиҳанд, ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки шумори мизоҷон рӯзона бамаротиб кам шуда, лекин шомгоҳон дар вақти ифтор мизоҷон бештар меоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.