Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 имрӯз қарор қабул кард, ки таътил дар мактабҳои Тоҷикистон то 16-уми август тамдид шавад.

Дар ин қарори Ситод, ки онро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нашр кардааст, чунин омадааст:

1. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17-уми августи соли 2020 оғоз карда шавад.

2. Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда шавад.

3. Баҳои имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо гузошта шавад.

4. Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад.

5. Дар муассисаҳои томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid -19 таътил тамдид карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid -19 ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, хусусан, кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.