Бо супориши президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо ҳавопаймои ҳарбии боркаши Вазорати мудофиаи ин кишвар кумаки башардӯстонаи навбатии мардуми ӯзбек ба Душанбе оварда мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод, ҳавопаймои ҳарбии боркаш 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), маводи тиббӣ, хилъатҳои муҳофизати инфиродӣ, дастпӯшак ва респираторҳоро аз Тошканд ба Душанбе мерасонад.
Бо ҳамин ҳавопаймо 8 нафар табибони вирусшинос ва эпидемилог, ки дар мубориза бо коронавирус таҷрибаи ғанӣ доранд, ба Душанбе меоянд.
“Онҳо омодаанд, ки фавран ба кор дар беморхонаҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зикршуда оғоз кунанд”, - гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми май гуфтугӯи телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Зимни суҳбат авзои кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шуда, дар бораи вазъияти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули назар сурат пазируфт. Дар ин замина сарони кишварҳо омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои буҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.
То бегоҳи 7-уми май шумори ҳолатҳои сирояти одамон аз коронавирус дар Тоҷикистон 461 нафар ва Ӯзбекистон 2269 касро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.