Бинобар андешидани чораҳои зарурӣ ва пеш аз муҳлат ҷамъбаст шудани имтиҳоноти давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз 9-уми май қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 ба тасвиб расид. Тибқи он хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Тоҷикистон аз рӯзи 10-уми май ба таътил фиристода шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, инчунин хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳони аттестатсияи хатм иштирок карда натавонистанд, супоридани имтиҳони онҳо ба фасли тирамоҳ гузаронида шуд.
Ҳамзамон тибқи қарори мазкур Вазорати маориф ва илми ҶТ вазифадор шудааст, имтиҳони такрории аттестатсияи хатми давлатиро барои донишҷӯёне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳои аттестатсияи хатм иштирок карда натавонистаанд, дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 ташкил намояд.
Қарори мазкур танҳо барои хатмкунандагони се зинаи таҳсилот – муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ-техникӣ), муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (донишкадаю донишгоҳҳо) мутааллиқ аст. Яъне банди 4-и қарори қаблии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 аз 5-уми май “Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад” бетағйир мондааст. Имтиҳонҳо барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рӯзҳои муқарраршуда баргузор мешаванд.
Қаблан маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ иттилоъ дода буд, ки бо як қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19, ки рӯзи 30-юми апрел ба тасвиб расидааст, барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми май таътили тобистона эълон карда мешавад. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ мегардад.
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.




Нулевой километр, стела Татариновой и турецкие часы
В Таджикистане с 2026 года увеличатся штрафы за правонарушения. Даем полный расклад
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 декабря 2025 года
Хозяин гор. Как тяньшанский бурый медведь выживает в Таджикистане?
Легионер сборной Таджикистана Абдулмажид Кудиев стал чемпионом Ирана
«На аукцион никто не пришел». Известная чайхана «Харбуза» в Гиссаре снова не нашла покупателя
На лошади и с биноклем. Как Сафарби – единственная женщина-лесник в Таджикистане – охраняет «Даштиджум»
По инициативе Таджикистана Генассамблея ООН объявила 2027-й Международным годом правовой грамотности
Huawei представляет Mate X7 и линейку новых инновационных устройств
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста