Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 14 майи соли равон механизми таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ тасдиқ кард.
Дар санад ба амалӣ сохтани таъину пардохти кумаки унвонӣ (суроғавӣ, таъинотӣ)-и иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати ноҳияҳои зерин дастур дода мешавад:
- дар вилояти Хатлон - ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадони, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомӣ;
- дар вилояти Суғд - ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамен, шаҳрҳои Гулистон, Исфара ва Истиқлол;
- дар Ноҳияҳои тобеи марказ - ноҳияи Варзоб, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода;
- дар Душанбе - ҳамаи чор ноҳияи пойтахт.
Дар ин санад ҳеҷ кадоме аз шаҳру навоҳии ВМКБ зикр нашудааст.
Ҳаҷми солонаи кумакпулӣ ба ҳар як оилаи камбизоат 464 сомонӣ (8 нишондиҳанда барои ҳисоб)-ро ташкил медиҳад. Кумакпулиҳо ҳар семоҳа ба маблағи 116 сомонӣ (ду нишондиҳанда барои ҳисоб) тариқи воҳидҳои БДА “Амонатбонк” пардохта мешаванд.
Кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандоне дода мешавад, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ин ҳолат мустақилона баромада наметавонанд. Барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ шаҳрванд ё сардори оила ба унвони бахши ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ариза навишта, онро бо ду ҳуҷҷат – маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот дар бораи молу амволи аъзои оила ба кумитаи маҳал, ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи моликони манзили ҷои иқомат месупорад.
Ба шаҳрвандони пиронсол, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор мегиранд, кумаки унвонии иҷтимоӣ ба таври истисноӣ таъин ва пардохт мешавад.
Ба оилаҳое, ки маъюбони гурӯҳи I и II-ро таҳти сарпарастӣ доранд, инчунин ба волидони яккаву танҳо, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, зимни муайян кардани нишондиҳандаи умумии сатҳи зиндагии оила афзалият дода мешавад.
Хароҷоти пардохти кумакпулӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Таджикский боец Бехзод Усмонов проведет новый бой на голых кулаках в США
Эмомали Рахмон поздравил Моджтабу Хаменени с избранием на пост верховного лидера Ирана
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 марта 2026 года
Ушла из жизни народная артистка Таджикистана Тоджинисо Саидова
«Сомон Эйр» возобновляет рейсы по маршруту Душанбе — Дубай — Душанбе
От босоногой девочки до героини «Ниссо»: невероятная история Озоды-ханым Ташмухамедовой
«Азия-Плюс» передала более 500 книг в женскую колонию Нурека — вместе с читателями
Новым верховным лидером Ирана избран Моджтаба Хаменеи: что известно о сыне погибшего аятоллы ИРИ
В Таджикистан из ОАЭ 8 марта возвращены свыше 300 человек
«В бюджете нет таких больших средств…». Председатель Согда о том, почему так и не построили городок Сайхун
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста