Кумаки ба Хуҷанд фиристода ба шарикони иқдоми “Азия-Плюс” - гурӯҳи ризокорон (ихтиёриён) аз вилояти Суғд - «Операция СИЗ Худжанд» (Амалиёти ВМИ Хуҷанд) мувофиқи таъинот истифода шуд.
Тавре ба Шумо - корбарони муҳтарами “Азия-Плюс”, ки ба ин иқдоми мубориза бо COVID-19 саҳм мегузоранд, қаблан хабар дода будем, пеш аз Иди Рамазон аз маблағи ҷамъоваришуда “Азия-Плюс” 5 ҳазор сомониашро ба шариконамон ба Хуҷанд фиристод.
Ҳисоботи онҳо ба мо расид.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/282683/%D0%BF%D0%BE%D0%BC3.jpg)
Ихтиёриён воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (ВМИ) харида, ба беморхонаҳои вилоят додаанд, аз ҷумла кумаки хонандагони “Азия-Плюс” ба беморхонаҳои Хуҷанд ва Гулистон дастрас шудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/282683/%D0%BF%D0%BE%D0%BC1.jpg)
Навиштаи шарикони суғдии мо:
“...Барои 5 ҳазор сомонӣ кумак ва дастгирӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои иқдоми #asiaplus4tajikistan ба мо фиристода шуда, ба ин маърака фаъолтарин корбарони писандидатарин расонаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон - Азия + ҳамовозӣ пайдо карданд, ба дастаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” самимона изҳори сипос мекунем”.
Сипос барои ҳамкорӣ «Операция СИЗ Худжанд»! Иқдоми мо - “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!” идома дорад - то имрӯз дар суратҳисоби мо 53825,32 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.
Суратҳисобҳои мо:
Ҳамёни Alif mobi: +992987203939
Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909
Тариқи сомона: www.intiqol.tj (ҳама гуна кортҳои Русия)
PayPal: [email protected]
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.