Оё аз истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон мавҷи дуюми паҳншавии бемории COVID-19 пешгирӣ хоҳад шуд? Барномаи “Робита” аз Телевизиони “Ҷаҳоннамо” фарогири андешаронии коршиносон ва назарпурсии раҳгузарон дар бораи ин ва масоили дигари марбут ба аҳаммияти пӯшидани ниқобҳои тиббӣ мебошад.
Пайдоиш ва паҳншавии бемории COVID-19 сокинони аксари кишварҳои ҷаҳонро водор кардааст, ниқоб пӯшанд.
Рӯзи 30-юми апрел аввалин ҳолатҳои сироятёбии одамон ба коронавирус дар Тоҷикистон расман эълон шуд. Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 қарор дар бораи ҳатмӣ будани истифодаи ниқобҳои тиббӣ барои аҳолиро қабул кард.
Аз сабаби он ки теъдоди зиёди одамон ин бемориро бидуни аломат мегузаронанд ва паҳнкунандаи коронавирус шуда метавонанд, пӯшидани ниқоб дар кишвари мо зарур дониста шудааст.
Истифодаи дурусти ниқоб яке аз воситаҳои муҳимми пешгирии сирояти коронавирус ба ҳисоб меравад. Аммо дар ҳолати риоя нашудани қоидаҳои пӯшидан ва баъд аз истифода безарар кардани ниқоб, он метавонад сарчашмаи сироят шавад.
Дастурамали кӯтоҳ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19
Ниқоби тиббиро кай пӯшидан лозим аст?
• Агар солим бошед, дар вақти нигоҳубини шахси эҳтимолан гирифтори COVID-19 ниқоби тиббӣ пӯшед.
• Агар аломатҳои ин бемории сироятиро дошта бошед, аз ҷумла, сулфаю атсазанӣ, пайваста ниқоб пӯшед.
• Истифодаи ниқобҳои тиббӣ танҳо дар ҳолате самарабахш аст, ки дастони худро пайваста бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.
• Агар ниқоб пӯшида гардед, бояд бидонед, ки онро чӣ гуна дуруст истифода ва чӣ хел безарар карда, ба куҷо бояд партофт.
Барои ҳимоя аз коронавирус ниқобҳои тиббиро чӣ гуна бояд истифода кард?
• Пеш аз пӯшидани ниқоб дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.
• Даҳону бинии худро бо ниқоб пӯшонед ва бовар ҳосил кунед, ки байни пӯсти рӯйи шумо ва ниқоб фосилае нест.
• Дар вақти истифодаи ниқоби тиббӣ ба он даст нарасонед. Агар ба қисми пеши ниқоб расида бошед, дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.
• Ба даҳону бинӣ ва чашмони худ даст нарасонед.
• Агар ниқоб тар ё ифлос шуда бошад, он бояд зуд бо ниқоби нав иваз карда шавад. Ниқобҳои яккарата набояд дубора истифода шаванд.
• Баъд аз истифода ниқобро аз тарафи пушт (бе расидан ба қисми пеши он) бикашед. Фавран онро ба сатили партови сарпӯшдор партоед. Сипас дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.
• Дар вақти баромадан аз хона бо худ захираи ниқобҳои тиббиро бигиред. Барои ҷамъоварии ниқобҳои истифодакардаи худ як халтача ҳам дошта бошед. Захираи ниқобҳоро барои аҳли оилаи худ низ таъмин кунед.
• Ниқобҳои бисёркарата пас аз истифода бояд дар оби хлордор тар карда шаванд. Сипас онҳоро бо собун шуста, пеш аз дубора пӯшидан бояд дарзмол кард.
• Ниқоб ва дастпокҳои яккаратаро баъд аз истифода ТАНҲО ба сатили партови сарпӯшдор партоед.
Дар ёд дошта бошед: танҳо истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ ҳамзамон бо риояи дигар тадбирҳои пешгирии сироят – фосилаи ҷисмонӣ, шустани дастон, карантин ва дар зарурат хонашинӣ ба шумо барои ҳимояи худ ва наздиконатон аз коронавирус кумак мерасонад.
Какое место среди стран Центральной Азии занимает сборная Таджикистана по итогам сезона-2024
Афиша от «Азия-Плюс»: «Музыка чудес» Людовико Эйнауди, «Группа Neka и гости» и рождественский концерт
Таджикистан назвали самой зависимой от Китая страной в Центральной Азии
Владислав Бакальчук проиграл суд о передаче активов Wildberries
Тесты по русскому для детей мигрантов в России будут бесплатными
Таджикская шахматистка выиграла бронзовую медаль на чемпионате Азии-2024
В России мусульманам разрешили религиозное многоженство
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 20 декабря 2024 года
Звездопад на Tarona Music Award 2024
Путин рассказал, при каких условиях готов вести переговоры с Зеленским
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста