Бо донистани мафҳум ва намуду ҳадафҳои “дезинформатсия”, шумо метавонед онро зуд шиносед ва ба он дода нашавед.
Дар замони имрӯза миқдори иттилоот рӯз то рӯз меафзояд, ки ин хонандаро ба бунбаст гирифтор мекунад. Истеъмолкунандаи иттилоот намедонад ба кадоме аз маълумоти гирифтааш бовар намояд. Бахше аз хабарҳои дар ВАО ё шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасида манфиати созмон ё ширкатҳои хусусиву давлатиро инъикос менамоянд. Ин ба он оварда мерасонад, ки эътимоднокии иттилоот барои истеъмолкунандагон (дар ВАО, Интернет, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ) якбора коҳиш меёбад. Пахшкунандагони иттилоот на ҳама вақт ба дурустии маълумот таваҷҷуҳ мекунанд, онҳо маълумотро танҳо барои ба даст овардани фоида пахш менамоянд. Бинобар ин, вақтҳои охир тарзи пешниҳод ва сифати иттилоот паст шуда истодааст.
Имрӯз тасмим гирифтем дар бораи мафҳуми “дезинформатсия” ё иттилооти бардурӯғ маълумот дода Шуморо бо ҳадаф ва намудҳои он ошно намоем.
“Дезинформатсия” чист?
“Дезинформатсия” ин маълумоти махсуси бардурӯғест, ки ба душман ё шарики тиҷорат бо мақсади самараноктар гузаронидани мубориза, ҳамкорӣ, санҷиши ихроҷи иттилоот ва самти интиқоли он ва ё дарёфти муштариёни эҳтимолӣ дар бозори сиёҳ пахш мешавад.
Инчунин мафҳуми “дезинформатсия” ҷараёни коркарди таҳрифи иттилоотро низ ифода мекунад. Масалан: Гумроҳ намудани шахс бо роҳи пешниҳоди маълумоти нопурра ё пурра, иттилои нодаркор, тағйири мазмун ва қисман таҳриф намудани иттилоъ.
Ҳадафҳои пахшкунандагони “дезинформатсия”
Мақсади пешниҳоди маълумоти махсуси бардурӯғ ё “Дезинформатсия” доимо як чиз аст – бо гирифтани иттилоъ ҳариф бояд тавре рафтор кунад, ки ба манфиати дасткор (манипулятор) бошад. Амали объекте, ки ба ӯ маълумоти нодуруст равона шудааст, бояд тарзе сурат гирад, ки ба дасткор фоидовар бошад.
Масалан, маълумоти гирифтаи ҳариф метавонад ӯро аз қабули қароре, ки он ба нафъи дасткор (манипулятор) нест, боздорад, ё қарори ба ӯ фоидаоварро қабул намояд. Дар умум, ҳадафи ниҳоӣ ҳамоне мешавад, ки ҷониби паҳнкунандаи “дезинформатсия” мехоҳад.
Метавон гуфт “Дезинформатсия” маҳсули фаъолияти як шахсе аст, ки ӯ мехоҳад бо ҷой кардани таассуроти бардурӯғ дар мафкураи одам ӯро таҳти таъсири худ гирад ва ба амали дилхоҳ равона намояд.
Намудҳои «дезинформатсия»
- гумроҳ кардани шахс ё гурӯҳи одамон (аз ҷумла тамоми миллат);
- таҳти таъсир (манипулирование) қарор додани шахс ё гурӯҳ;
- ташаккули афкори ҷомеа дар бораи ягон мушкилоти ҷомеа ё объект;
Гумроҳнамоӣ ин фиреби мустақим ва пешниҳоди маълумоти бардурӯғ нест. Дасткорӣ (манипулятсия) усули таъсиррасонӣ мебошад, ки бевосита барои тағйир додани самти фаъолияти одамон равона карда шудааст. Таҳти таъсир гузоштан (манипулирование) ба қисмҳои зерин ҷудо мешавад:
- мустаҳкам кардани арзишҳои мавҷуда дар зеҳни мардум, ки барои дасткор (манипулятор) муфид мебошанд (ғояҳо, муносибатҳо ...);
- қисман тағйир додани нуқтаи назари одамон оиди ягон воқеа ё вазъияти мушаххас;
- ба таври қатъӣ тағйир додани муносибатҳо ба зиндагӣ;
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Едят насекомых и с рождения владеют кунг-фу: топ-5 самых популярных стереотипов о жителях Китая
В Абхазии протестующие против соглашения с Россией потребовали отставки президента непризнанной республики
Высокая нагрузка в школе и мало поддержки в семье. В ВОЗ обратили внимание на трудности подростков в ЦА
«Мигрант Медиа»: В Душанбе задержали граждан Туркменистана с поддельными паспортами
На что имеет право президент Таджикистана, и какие обязательства у него есть перед народом
Таджикского актера в Москве приговорили к 14 годам колонии по обвинению в шпионаже
Где и как в Душанбе зарядить электромобиль?
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Спасение ледников, горячее питание на борту, пауза на китайские товары и медальный дождь
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 ноября 2024 года
Новый прямой авиамаршрут Душанбе – Доха: Катар стал ближе без виз для граждан Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста