Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода бо вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов тариқи онлайн гуфтугӯ карда, дар рафти суҳбат сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо изҳор доштад, ки раванди корҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои сохтмони муассисаҳои мазкур анҷом ёфта, корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик оғоз хоҳанд ёфт.
“Зимни суҳбат масъалаи таъмини муассисаҳои таълимии русзабони кишвар бо китобҳои дарсӣ, баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки донишгоҳҳои Русияро дар соли ҷорӣ хатм намуданд, таҳсили донишҷӯён, ки барои соли таҳсили 2020-2021 ба мактабҳои олии Русия дохил шудаанд, низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - қайд мешавад дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, атрофи масоили таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии русзабон бо китобҳои дарсӣ, идомаи таҳия, тарҷума ва чопи китобҳои дарсӣ бо забони русӣ, инчунин таъсиси китобхонаи муштараки ягонаи электронии таълимӣ табодули назар сурат гирифт.
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон дар ҷаласаи Думаи давлатии Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани 5 муассисаи таълимии русзабон тасдиқ шуд.
Созишнома дар бораи сохтмони мактабҳо 17 апрели соли 2019 дар Маскав аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 январи соли равон созишномаи мазкурро тасдиқ кард.
Дар ҳар кадоме аз 5 мактаб то 1200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта гирифта шуда, nаълим дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад.
Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст.
Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд. Ин муассисаҳои таълимӣ бо ҳадафи пешбурд ва густариши фарҳанги мардуми Русия ва забони русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.
Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 25 мактаби таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ амал мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
15 сокровищ Центральной Азии, охраняемых ЮНЕСКО
«Еда и транспорт». На что тратят деньги таджикские студенты?
Топ-5 советов, как быстро обучить ребёнка иностранному языку
«Работы нет, пенсии на жизнь не хватает». Какие трудности испытывают незрячие в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 ноября 2024 года
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста