Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки тибқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз 25 июн парвозҳои чартерии ширкатҳои ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба/аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Русия ҷиҳати марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Дар маълумоти Вазорат қайд мешавад, ки зимни иҷрои парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бино бар сафари хизматӣ дар Русия дармондаанд, дода мешавад.

“Дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандон хоҳад буд, - омадааст дар хабар. - Пас аз омода гардидани рӯйхатҳо шаҳрвандон оид ба харидорӣ намудани билетҳо хабардор карда мешаванд”.

Бино бар ин аз шаҳрвандони кишвар эҳтироман хоҳиш мегардад, то муроҷиатҳои худро ба суроғаи электронии mailto:[email protected]@mfa.tj бо дарҷи маълумоти тамос ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол намоянд.

Гуфта мешавад, маълумот оид ба рӯзҳои парвозҳо ба маҳзи ҳамоҳанг гардидани мавзӯъ бо ҷониби Русия ва гирифтани иҷозати мақомоти авиатсионии он кишвар иловатан пешниҳод хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби пандемияи коронавирус Тоҷикистон аз охири моҳи март алоқаи ҳавоиро ба ҳама самтҳо қатъ кард. Русия низ аз 27 март иртиботи ҳавоиро бо дигар кишварҳо баст.

Бинобар ин, садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон имкон надоштанд, ки аз шаҳрҳои гунонуи Русия ба ватан баргарданд.

Охири моҳи май барои аз кишварҳои гуногун ба ватан овардани тоҷикистониён якчанд хатсайрҳои чартерӣ ташкил карда шуданд. Аз ҷумла, шаҳрвандони ихроҷшуда ва ҷасади ҳамватанон аз Русия ба ватан интиқол дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз шаҳрвандон барқарор шудани алоқаи ҳавоиро мунтазир нашуда, бо нақлиёти заминӣ сафар кардананд ва дар сарҳадҳои кишварҳои ҳамсоя ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.