Тибқи маълумоти расмӣ, 80 дарсади иштирокчиёни ҷангҳои мазҳабӣ аз Тоҷикистон тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ташкилотҳои террористӣ шомил шудаанд. Мо бо яке аз чунин ҷавонон суҳбат кардем ва аз коршиносон роҳҳои пешгирӣ ва муҳофизатро пурсидем.

Ҳамарӯза миллионҳо ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, маводи хонданӣ, расм ва видео мегузоранд, саҳифаҳои дигаронро мутолиаву тамошо мекунанд, бо шахсони шиносу ношинос дӯстӣ намуда, суҳбатҳо мекунанд, андешаҳояшонро менависанд, ба матлабҳои писандидаашон «лайк» мегузоранд ва онро ба дӯстонашон мефиристанд. Аммо на ҳамеша ва на ҳар шахс дарк мекунад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ ва ташвиқ хеле моҳирона истифода мешавад. Ин аст, ки баъзан огоҳона ва баъзан ноогоҳона ҷавонон ба доми таблиғгарони гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ меафтанд. Пас аз мутолиаи маводи онҳо ва муошират бо мубаллиғон баъзе шахсон дучори мағзшӯӣ мешаванд ва наметавонанд сиёҳро аз сафед фарқ кунанд. Дар натиҷа аъзои гурӯҳҳои экстремистию террористӣ шуда, таблиғгари матлаби онҳо мешаванд ё дар ҷангҳо иштирок мекунанд. Бештари онҳо бехабар ҳастанд, ки ин амал ғайриқонунист ва тибқи қонунҳои кишвар барои ин ҷазо пешбинӣ шудааст.

Нафаҳмидам, чӣ хел мубаллиғи ифротгароён шудам


Исматулло Зокиров, сокини ноҳияи Ёвон яке аз ҷавононест, ки барои тарғиби ақидаҳои хусусияти ифротгароидошта дар шабакаҳои иҷтимоӣ соли 2016 бо дастрасии моддаи 307 (3) қисми 2 ба муҳлати 3 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд. Исматулло мегӯяд, корбаре дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ӯро ба узвияти чунин гурӯҳҳо ташвиқ кард ва ӯ худ бехабар монд, ки чӣ хел ба мубаллиғи онҳо табдил ёфт.

“Дар «Однокласники» корбаре бо номи Абдуллоҳ ба ман чандин бор пешниҳоди дӯстӣ кард. Дар аввал қабул накардам, аммо баъдан салом фиристоду ман низ посух додам ва оҳиста-оҳиста суҳбатамон гарм шуд. Аввал пурсид, ки оё намоз мехонам ё не, ман ҷавоби мусбат додам. Баъд гуфт, ки дар ин ҷо (Сурия) ҷавонони зиёде барои исломи ноб мубориза бурда истодаанд. Ба ман гуфт, ки гурӯҳи интернетии «Висоли ҳақ» (дар Тоҷикистон мамнӯъ аст)-ро мепартояд. Агар ҳар чизе, ки дар он ҷо нашр мешавад, хонам, исломи нобро мефаҳмам ва ҳамчунин аз корҳое, ки онҳо мекунанд, шинос мешавам. Ман барои таваҷҷуҳ ба он гурӯҳ даромадам. Он ҷо суханҳо ва баромадҳо бо истифода аз оятҳову ҳадисҳо буд, одат кардам ва бо ҳамин онро шабу рӯз тамошо мекардам”, - нақл кард Исматулло.

Ба гуфтаи ӯ, дар муддати кӯтоҳе суҳбати онҳо бисёр гарм шуд ва худ нафаҳмид, чӣ гуна ба гурӯҳҳои пешниҳодкардаи ҳамсуҳбаташ аъзо шуд ва ба мубаллиғи онҳо табдил ёфт.

“Ҳар аксу наворҳои равонкардаи ӯро аз назар мегузарондам ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқ мекардам, баъдан аксу наворҳои саҳифаи интернетии «Висоли ҳақ» (дар Тоҷикистон мамнӯъ аст)-ро тарғиб мекардам. Дар ин сомона дар бораи ҷангҳои Сурия ва Ироқ маълумот дода, аксу наворҳо аз раванди задухӯрд нашр мешуданд. Аммо ман хабар надоштам, ки бо ин амалам ҷиноят содир мекунам”,- гуфт Исматулло Зокиров.

Ӯ тибқи қонуни авф соли 2019 ба озодӣ баромад ва ҳоло кӯшиш мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ боэҳтиёт бошад ва пешниҳоди нафарони ношиносро барои дӯстӣ қабул накунад.

Исматулло ягона шахсе нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми ифротгароён афтода, ба мубаллиғи онҳо табдил ёфтаааст ё ба кишварҳои даргир ба ҷанг рафтаву ҳалок шудааст, ё барои ин амалҳои ғайриқонунӣ зиндонӣ шудааст.

Омори аниқу дақиқ дар мавриди шумораи зиндонишудагон барои ин амалҳо мавҷуд нест. Фақат октябри соли 2019 Бахтовар Сафарзода, вакили порлумони Тоҷикистон дар баррасии қонун “Дар бораи авф” гуфт: “…Бо пурра авф кардани нафароне, ки ҷинояти дар қисми 2 моддаи 307 (3) Кодекси ҷиноятӣ (мусоидат кардан ба фаъолияти ҳизбу ҳаракат ё ташкилоти террористии мамнуъ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар) пешбинигардидаро содир кардаанд, зиёда аз 500 нафар маҳкумшуда аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешавад. Қисми 2 моддаи 307 (3) моҳи ноябри соли 2016 қабул шудааст, яъне танҳо давоми се сол зиёда аз 500 кас бо дастрасии ин модда зиндонӣ шудаанд.

Усули инфиродӣ барои ҷалби ҳар “наваскар”

Икболҷон Мирсаитов. Акс аз сомонаи ca-irnews.com

Ба қавли коршиноси мустақил Иқболҷон Мирсаитов, воситаи ҷалби ташкилотҳои мамнӯъ ё ифротгаро дар интернет гуногун аст, аз ҷалби “рӯ ба рӯ” то зомбикунии оммавӣ. Ба таъкиди ӯ, вақтҳои охир шабакаи интернет як платформаи қулай барои ҷалби зархаридон аз ҷониби созмонҳои мамнӯъ табдил ёфтааст.

“Ҳар як ташкилот дорои медиа-платформаи худ аст, ки он ҷо одамони махсус омӯзонидашуда барои ҷалби одамон усули ҷалбкуниро вобаста ба макони зист, забон, синну сол ва ҳолати равонию иҷтимоии “наваскар” омода мекунанд. Мубаллиғон (ҷалбкунандаҳо) каналҳои рустии иртиботии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд ва зархаридонро бо паёмҳои безарар ҷалб мекунанд. Барои ҷалби таваҷҷуҳ онҳо метавонанд «амалҳои қаҳрамонона»-и худро  ҳамроҳи матнҳои Қуръон ва суннат низ нишон диҳанд. Барои онҳо якум, ҷалби таваҷҷуҳ, дуюм, ҳавасманд кардани зархарид (аскар) ва сеюм, вобаста кардани зархарид ба худ хеле муҳим аст. Зархарид бояд ҳамеша ба онҳо вобаста бошад ва аз онҳо тавсияву насиҳат гирад”, - мегӯяд коршинос.

Мирсаитов гуфт, методологияи стандартии қабулшуда барои ба дом афтодани “тӯъма” нест, вобаста ба вазъи шахс аз усули гуногун истифода мешаванд.

“Масалан, занҳои мағзшӯй ҳастанд, ки ба мусулмонони кишварҳои дигар муроҷиатномаҳо менависанд ва аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки ба бародарону хоҳарони мазлум аз Шарқи Наздик кумак кунанд. Ҳамчунин роликҳои тарғиботӣ ва дарсҳои видеоӣ мавҷуд аст (банду басти автомат, оиодасозии маводи тарканда ва ғайра). Онҳо одатан дар гурӯҳҳои пӯшида бо забони махсуси муошират мебошанд”, - мегӯяд Иқболҷон Мирсаитов.

Сӯистифода аз дин ва дӯстии хатарнок

Рустам Гулов, акс аз саҳифаи шахсии Facebook

Мо аз коршиносон пурсидем, ки оё имкони шинохтани маводи дорои хусусияти террористиву ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва чӣ тавр метавон худро аз доми мубаллиғон канор гирифт.

Коршиноси масъалаҳои технологияҳои интернетӣ Рустам Гулов мегӯяд, ба ҳамаи иттилоъ бояд бо шубҳа нигарист, махсусан маводе, ки бо такя ба дин инсонҳоро ба ин ё он роҳ даъват мекунанд.

“Кам нестанд ҳолатҳое, ки барои ҷалб кардан ба гурӯҳҳои экстремистӣ аз иттилооти динӣ сӯистифода мекунанд. Ба ин мақсад одатан он иттилоотро аз контексти аслиаш дур мебаранд, то нафарони боимон, аммо аз ҷиҳати динӣ камсаводро ба роҳи нодуруст баранд. Аз ин рӯ, ҳатто агар мебинед, ки ба оят ё ҳадисе такя карда, ба ягон амал даъват мекунанд, вақтро дареғ надониста, масъаларо ба таври ҷиддӣ омӯзед. Аз эҳтимол дур нест, ки маънои аслии он ояту ҳадисҳо тамоман дигаргун аст, назар ба он, ки аз ҷониби баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаш мешаванд”, - мегӯяд Гулов. 

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин муаллифони чунин матолиб зери мафҳумҳои "муъҷизаи илоҳӣ" даъват мекунанд, ки ҳар касе имон дорад, ба маводу аксу навори онҳо лайк гузораду паҳн кунад.

“Дар асл, албатта, ба муъҷиза он ягон дахл надорад, аммо аз миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоеро ошкор мекунад, ки тафаккури интиқодӣ надоранду ба ҳар сухане, ки бо ишора ба Ислом гуфта мешавад, бовар мекунанд. Ин гуна шахсон дар "гурӯҳи хатар" ҳастанд ва намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, ки ба ҷалби аъзои нав машғуланд, маҳз ба ҳамин гуна шахсон "дӯстӣ" мекунанд. Оҳиста-оҳиста аз ҳаёти онҳо огоҳ мешаванду аз ҳолатҳои гуногуни оҷизии онҳо ва нуктаҳои заъф истифода бурда, ба фаъолияти ҷиноии худ онҳоро ҳамроҳ мекунанд”, - гуфт Рустам Гулов.

Ӯ таъкид мекунад, ки мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ худро дӯст нишон дода, маслиҳатҳо медиҳанд, ҳамчун бародари калон роҳнамоӣ мекунанду баъдан ба "амри маъруф" ва бор кардани идеяҳои ифротии худ мегузаранд.

Рушди тафаккури интиқодӣ - роҳи пешгирӣ

Мухаммади Ибодуллоев акс аз сахифаи шахсии Facebook

Коршиносони дигар низ роҳи беҳтарини ба доми мағзшӯёни гурӯҳҳои ифротӣ наафтоданро дар рушд додани тафаккури интиқодӣ ва санҷидани маводи шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанд.

Роҳбари Бунёди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» дар Тоҷикистон Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, мубаллиғон “тӯъмаи” худро зери мавзӯъҳои пурбаҳси сиёсӣ ва мазҳабӣ меёбанд.

“Тӯъмаи ҷалбкунандагон ё мағзшӯёни гурӯҳҳои ифротӣ онҳое мебошанд, ки аз ҳаёти рӯзмарраи кишвар ва ё баъзе масъалаҳои мазҳабӣ норозиянд ва фикри худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд. Дар он платформаҳо суҳбатҳои рӯйрост оғоз мешаванд, баъдан суҳбатҳо ба чатҳои шахсӣ, мессенҷерҳо ва телефонҳо мекӯчанд. Ҳамин тавр ҷавонони ноогоҳ ба доми мағзшӯён меафтанд”, - мегӯяд Ибодуллоев.

Ба андешаи ӯ, чунин корбаронро шинохтан хеле мушкил аст, зеро онҳо аз дигарон фарқ намекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки «сахт» ҳамла накунанд, то “тӯъмаи” эҳтимолиро натарасонанд.

"Дар аввал ҳамаи суҳбатҳо умумӣ сурат мегиранд, баъдан андешаҳоро дастгирӣ менамоянд, мисолҳо меоранд ва пешниҳодҳо мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки онҳо равоншиносони касбӣ ва ҳақиқӣ мебошанду аз хулқу атвори одамон хуб огоҳанд”,- таъкид кард Ибодуллоев.

Аммо коршиноси мустақил Иқболҷон Мирсаитов мегӯяд, агар шахс дониш ва тафаккури интиқодӣ дошта бошад, шинохтани чунин нафарон (мағзшӯён ва мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ) кори хеле осон аст. Чун одатан мағзшӯён шикоят ва мушкилоти корбари таҳти назарро гӯш мекунанд ва варианти ҳали онҳоро аз назари худ пешниҳод менамоянд, ки дар хотима ба вобастагии равонии ӯ оварда мерасонад. 

Барои наафтодан ба доми чунин афрод, номбурда пешниҳод мекунад, ки тафаккури интиқодии мардумро рушд бояд дод ва бар зидди чунин мавод бо маводи солим ҷавоб дод.

“Барои наафтодан ба доми мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ, пеш аз ҳама бояд тафаккури интиқодии мардумро рушд дод. Дуввум, дар сатҳи миллӣ стратегияи пешгирикунанда ва вариантҳои алтернативию манфиатноки тавсифӣ (нарративӣ) таҳия кард, паҳлӯи дигари ташкилотҳои мамнӯъро нишон дод. Сеюм, истифода накардани забони ташкилотҳои мамнӯъ (ҷиҳод, мунофиқ, муртад, ҷоҳил) дар нарративҳои худ”, - гуфт коршинос.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳар шахс бояд фарҳанги корбарӣ дар интернетро омӯзад, тафаккури интиқодии худро рушд диҳад, «кӣ» ва «чӣ»-и худро ёбад ва ба доми тазвири дигарон наафтад.

“Муҳим доир ба ҳама чизе, ки онҳо менависанд, огоҳ будан, тафаккури интиқодӣ доштан, санҷидани маълумот ва манбаи аслии маълумот, таҳлил намудан ва хондан/санҷидани андешаҳои алтернативӣ дар мавзӯъҳои мушаххас, аз роҳҳои наафтодан ба доми чунин афрод мебошанд”, - гуфт Муҳаммадӣ Ибодуллоев. 

То ҳабси абад

Қонунгузории Тоҷикистон барои фаъолияти террористиву экстремистӣ, сафедкунӣ ва ташвиқу тарғиби он дар интернет ҷазоро дар намуди ҳабс ба муҳлатҳои гуногун то ҳабси абад барои терроризм пешбинӣ кардааст. Бо моддаҳое, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо барои ин амалҳоро пешбинӣ мекунанд, инҷо метавонед шинос шавед: Ҷазо барои терроризму экстремизм дар Кодекси ҷиноятии ҶТ.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!