Аввали моҳи июн чанде аз муассисаҳои таълимии Русия аз донишҷӯёни хориҷӣ талаб карданд, ки то 30 июн хобгоҳҳоро тарк кунанд.
Ба донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Русия иҷоза дода шуд, ки то моҳи сентябр дар хобгоҳҳо зиндагӣ кунанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, минбаъд мактабҳои олии Русия аз онҳо холӣ кардани хобгоҳҳоро талаб нахоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн чанде аз муассисаҳои таълимии Русия аз донишҷӯёни хориҷӣ талаб карданд, ки то 30 июн хобгоҳҳоро тарк кунанд.
“Мо ба Вазорати маориф ва илми Русия муроҷиат карда, ин мушкилро ҳал кардем, - гуфтанд дар сафорат. - Акнун донишҷӯёни мо то оғози соли хониши нав дар хобгоҳҳои худ боқӣ монда метавонанд”.
Дар ҳамин ҳол, дар намояндагии дипломатӣ изҳор доштанд, ки “агар кадоме аз мактабҳои олӣ дубора холӣ кардани хобгоҳро талаб кунад, донишҷӯён метавонанд бо ин масъала бевосита ба сафорат муроҷиат кунанд”.
Зимнан зикр шуд, ки донишҷӯён бо парвозҳои хатсайрҳои чартерӣ метавонанд ба ватан фиристода шаванд.
“Тавре маълум аст, бо хатсайрҳои чартерӣ аз Русия дар навбати аввал занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомиладор, шахсони калонсол ва касоне, ки бемории ҷиддӣ доранд, ба ватан фиристода мешаванд, - илова карданд дар сафорат. - Бо ҳамин хатсайрҳо мо якчанд нафар донишҷӯёнро низ бо хоҳиши худашон ба Тоҷикистон мефиристем”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.