Дар 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш аз Қазоқистону Ӯзбекистон ба ватан оварда шуданд, коронавирус ошкор шуд. Ҳамаи онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд, ки ҳамчун госпитал фаъолият дорад, бистарӣ шуда, зери назорат қарор доранд.
Ба иттилои як манбаъ аз соҳаи тандурустии вилоят, айни замон дар Беморхонаи вилоятии клиникии Суғд 92 нафар беморони коронавирус, аз ҷумла 70 нафари дар боло зикршуда, ки асосан зодагони вилояти Хатлон мебошанд, инчунин 22 нафар сокинони Суғд табобат мегиранд. Дар ҳамин ҳол, ду нафари онҳо сокинони Бӯстон буда, дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарианд.
Ёдрас мекунем, ки 767 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла беш аз 40 нафар кӯдакон, ки бар асари пандемияи коронавирус дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда буданд, рӯзи 3 июл бо транзит тариқи қаламрави Ӯзбекистон бо автобусҳо ба ватан оварда шуданд.
Созмони байнулмилалии муҳоҷират - Агентии СММ оид ба муҳоҷира, ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Тоҷикистон бо талошҳои муштарак ба бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба ватан аз сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон муосидат карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2024 года
Оказывается, премьера «Кавказской пленницы…» состоялась в Душанбе. Рассказываем, как это было
РБК: По делу о теракте в «Крокусе» задержан ещё один гражданин Таджикистана
В Казахстане завершилось судебное следствие по делу бывшего министра экономики, обвиняемого в убийстве жены
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста