Дар иншооти асосӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон - Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» корҳои сохтмон бомаром ҷараён доранд.

Иншооти мазкур дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29 гектар, дар қаламрави қафои Донишгоҳи омӯзгорӣ, меҳмонхонаи “Авеста” ва маҷмааи “Кохи Ваҳдат” бунёд карда мешавад.

Сарфи назар аз душворҳои дар робита ба пандемияи коронавирус пайдошуда, корҳо дар ин иншоот мувофиқи нақша ҷараён доранд.

“Сохтмони маҷмаа бар асоси лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати шаҳри Душанбе таҳия шудааст, амалӣ мегардад, - хабар дод ба “Азия-Плюс” Хайриддин Нурвалиев, муҳандиси пешбари шуъбаи истеҳсолии Раёсати сохтмони Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, корҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дошта, иншоот бо масолеҳи сохтмон таъмин аст.

“Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» соли 2021 ба истифода дода мешавад”, - илова кард ӯ.

1/5

Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ» аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад. Дар боғ ниҳолҳои гуногуни дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.

Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метр ва пояи он 85 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар 6 ошёнаи дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд.

Дар баландии 91 метри маҷмаа майдони тамошо сохта мешавад, ки сокинону меҳмонони Душанбе дар ин баландӣ аз тамошои манзараҳои дилфиреби пойтахт баҳравар шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.