Сокини шаҳраки Анҷибари шаҳри Турсунзода бо дархости кумак ба нигаҳдории дарахтони коҷ (арча, ел), ки маркази маҳаллаи аҳолинишинро зебу оро медиҳанд, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон муроҷиат намуданд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ин дарахтон қариб 80 сол пеш шинонида шудаанд.

“Онҳоро солҳои 40-ум, замони ҷанг аз Русия оварданд. Он замон  ин ҷо совхоз-корхонаи “Эфиронос” фаъолият дошт, ки ба парвариши анҷибар (геран) ва истеҳсоли равған аз он машғул буд. Дар солҳои баъдиҷангӣ равғани эфир ба шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ва хориҷа барои истеҳсоли маснуоти атриёт фиристода мешуд. Он вақт барои ободу сабзгардони шаҳрак беш аз 300 ниҳоли дарахтони коҷ шинонида шуда буданд”, - гуфтанд пиронсолони шаҳрак.

Сурат: Asia-Plus

Айни замон қариб чоряки ин дарахтон бурида шудааст. Сокини маҳаллӣ баҳри нигоҳдории тақрибан 80 дарахти боқимондаи нодир ва таърихӣ мубориза мебаранд.

Лекин замине, ки дар он дарахтон парвариш ёфтаанд, барои сохтмони манзил ҷудо шудааст. Ширкати сохтмон иҷозаи ҳамаи сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи давлатии амвол ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро дошта, дарахтонро буриданист.

Сурат: Asia-Plus

Дар ин замина байни ширкат ва сокинони маҳаллӣ нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Сокинони Анҷибар ҳар вақт пеши роҳи буридани дарахтонро мегиранд.

Ба дархости сокинон ҷиҳати наҷоти дарахтон шуъбаи маҳаллии ҳифзи муҳити зист посух дод, ки соҳибони қонунии қитъаи замин ба буридани 60 адад дарахтони коҷ ҳуқуқ доранд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” ваъда дод, ки ба ин масъала расидагӣ мекунад. Вокуниши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ҳоло номаълум аст.

1/3

Сокинони Анҷибар умедворанд, ки ҳукумат дар бораи вазъи экологӣ ғамхорӣ зоҳир намуда, “боғи дарахтони коҷро аз нобудшавӣ наҷот медиҳад”.

“Барои парвариши дарахтони баландиашон аз 30 метр зиёдтар ҳудуди 80 сол лозим шуд, - мегӯяд сокини шаҳрак Татяна Сиртсова. - Онҳоро ба феҳристи дарахтони нодири ҳифзшаванда дохил кардан зарур аст, агар чунин феҳрист мавҷуд бошад. Барои барқарор кардани низоми экологии шаҳрак, мо омодаем, ки аз ҳисоби маблағҳои худамон боз ниҳол харида, шакли пешинаи боғро барқарор созем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.