Муовини раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро зимни нишасти матбуотии имрӯза чунин изҳори назар кард.

“Кондитсионерҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус ба кор дароварда намешаванд”, - гуфт ӯ.

Ҳамро шарҳ надод, ки чӣ гуна кондитсионер метавонад вирусро паҳн кунад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоятҳои зиёди шаҳрвандони пойтахт аз гармии тоқатфарсо дар нақлиёти ҷамъиятӣ бо сабаби кор накардани кондитсионерҳо нашр шуданд.

Ҳарорат +47 дараҷа
Сурат: Akmal Mahmadov

Оё воқеан ҳам аз кондитсионер метавон сироят ёфт?

Бори нахуст дар бораи нақши кондитсионерҳо дар паҳншавии коронавирус пас аз таҳқиқи мутахассисони Чин, ки нақшаи сироятёбиро дар тарабхонаи Ухан таҳқиқ карданд, маълумот нашр шуд.

Тавре ВВС менависад, олимон муайян карданд, ки 9 нафар замоне аз коронавирус сироят гирифтаанд, ки дар мизҳои паҳлӯи кондитсионер нишаст будаанд.

Ба гуфтаи онҳо, вирусро яке аз мизоҷони тарабхона паҳн кардааст, ки худаш қариб ягон аломати COVID-19 надоштааст. Ӯ дар муқобили кондитсионер нишаста будааст. Баъдтар тести 9 нафар шахсоне, ки дар мизҳои ҳамсоя менишастанду бо зан алоқа надоштанд, натиҷаи мусбат нишон медиҳад.

Лекин маводи таҳқиқоти мазкур хеле кам ва дар шароити начандон мусоиди наздик ба озмоишгоҳ (лаборатория) гузаронида шудааст. Аз ин рӯ, аксарияти доираҳои илмии ҷаҳон ба мутобиқат ва асоснокии он шубҳа карданд.

Коршиносон таъкид месозанд, ки кондитсионер худ ба худ интиқолдиҳандаи коронавирус шуда наметавонад, зеро вирус танҳо аз як одам ба одами дигар мегузарад. Аммо низоми кори кондитсионер, мегӯянд онҳо, дарвоқеъ ҳам метавонад майдони сироятро зиёд кунад, агар дар хона шахси бемор бошад.

Ин аз тарзи кори аксрияти кондитсионерҳо вобаста аст, чунки моҳиятан онҳо гардиш (даврзанӣ)-и ҳамон як ҳаворо амалӣ мекунанд.   

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.