Аз моҳи августи соли ҷорӣ дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвозҳои мунтазам барқарор мегарданд: парвози нахустин шаби имрӯз аз Дубай аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Flydubai пешбинӣ шудааст.
“Ширкат алҳол дар як ҳафта 1 парвоз анҷом медиҳад. То замони пандемия шумори парвозҳо бо ин хатсайр 5 ададро ташкил медод”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова.
Ӯ қайд кард, ки ширкати “Сомон Эйр” ҳам ба Дубай парвозҳо анҷом дода, парвози ававл бо ин хатсайр аз Душанбе рӯзи 6 август дар назар аст.
“Дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо дигар кишварҳо алҳол маълумоти саҳеҳ дар даст надорем”, - иброз дошт Ҳусейнова.
Ҳатман доштани маълумотнома дар бораи надоштани сироят аз коронавирус
Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар медиҳад, ки аз моҳи августи соли ҷорӣ дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвозҳои мунтазам барқарор гардида, парвози нахустин санаи 6-уми август иҷро хоҳад шуд. Вақти парвоз аз Душанбе – 05:00, аз Дубай – 08:45 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
“Шаҳрвандони ҶТ, ки хоҳиши парвоз ба самти Дубайро доранд, бояд иҷозатномаи вуруд ба қаламрави АМА (раводиди сайёҳӣ ва ё корӣ, суғуртаи тиббии амалкунанда, маълумотнома оид ба саломатӣ, ки қаблан дар сомонаи https://www.gcaa.gov.ae/en/ePublication/Pages/OperationalDirectives.aspx?CertID=(DIR) пур шудааст, дар сурати доштани раводиди корӣ посухи мусбати барномаи электронии Permit ва Emirates ID корт), ҳамчунин маълумотномаи эмин будан аз Covid-19, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз дода шудааст, дошта бошанд”, - қайд мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷӣ барои анҷоми сафар ба Дубай бояд иҷозатномаи вуруд ва ё убури қаламрави АМА, ҳамчунин суғуртаи тиббӣ ва маълумотномаи қаблан пуршудаи саломатиро пешниҳод намоянд.
Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки тавассути Дубай парвози транзитӣ анҷом медиҳанд, танҳо ба давлатҳои худ парвоз карда метавонанд ва мебояд бо худ чиптаи парвоз ба нуқтаи ниҳоӣ ва маълумотномаи гирифтор набудан бо Covid-19-ро дошта бошанд.
“Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз Covid-19 зарур мебошад”, - қайд мешавад дар маълумоти ширкати ҳавопаймоӣ.
Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ (ба истиснои намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалии дорои мақоми махсус, меҳмонони аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва вазорату идораҳо даъватшаванда) баъди фурудоӣ дар Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, то муайяншавии натиҷаҳои озмоиш дар минтақаи карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд.
“Нафароне, ки дар онҳо сирояти Сovid-19 муайян мегардад, дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ бо ташхису табобат фаро гирифта мешаванд. Мусофироне, ки маълумотномаи гузаштани озмоишро бо натиҷаи “манфӣ” дар мӯҳлати 48 соат пеш аз вуруд доранд, бемамониат ба қаламрави кишвар роҳ дода мешаванд. Ин нафарон бояд дар мақомоти тандурустии маҳаллӣ аз қайд гузашта, давоми 14 рӯз зери назорати табибон ихтиёран гӯшанишинӣ намоянд”, - зикр мегардад дар маълумот.
Дархост мешавад, ки барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ, намояндаи “Сомон Эйр” дар Дубай ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед:
Маркази маълумотдиҳии “Сомон Эйр”:
+992 (901) 03 20 00,
+992 (908) 08 56 66,
+992 (98) 586 68 86,
+992 (93) 777 74 59,
+992 (44) 640 40 49,
+992 (44) 640 40 50,
Намояндаи “Сомон Эйр” дар АМА:
+971 (504) 66 88 33
Агентии алоқаи ҳавоӣ:
+992 (98) 807 10 00,
+992 (98) 880 87 87,
+992 (93) 501 24 24.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В России остановлена продажа аромаингаляторов. Чем они опасны для подростков и есть ли они в Таджикистане?
КЧС Таджикистана получил дроны и спецтехнику для спасательных операций
Военную одежду в Таджикистане будут продавать только по предъявлении служебного документа
При пожаре на агроферме в Татарстане погибли шесть граждан Узбекистана
Грязный воздух в Душанбе: дышите неглубоко и реже
Узбекистан и Казахстан станут партнерами БРИКС
В США за четыре года задержали 825 граждан Таджикистана
В России введут ГОСТ на шаурму
В Таджикистане отмечена рекордно низкая за все годы независимости инфляция
Дружба дружбой, а бизнес бизнесом. Узбекистан повысил растаможку таджикского цемента
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста