Дар Тоҷикистон шаклҳои нави эъломия барои мансабдорони давлатӣ дар бораи даромад ва амволи хизматчиёни давлатӣ ва инчунин тартиби пур кардани онҳо тасдиқ шуд.
Дар эъломия дар бораи андоз аз даромад мансабдорон бояд маълумоти зеринро дар бораи даромад, аз ҷумла дар хориҷи кишвар зикр кунанд:
- даромад аз ҷойи кори асосӣ;
- даромад аз ҷойи кори ғайриасосӣ (дар ҳолати кор дар ду ва зиёда аз он ҷой бо зикри ҷойи корӣ (ҷойҳои корӣ)-и ғайриасосӣ);
- даромад аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ (бо зикри навъи фаъолият ва ҷойи кор);
- даромад аз амволе, ки ба иҷора дода шудааст;
- даромад аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ;
- даромад аз қитъаи замине, ки ба иҷора гирифта шудааст (дода шудааст);
- даромад аз пасандозҳои бонкӣ;
- даромад аз ҳисса дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ (аз ҷумла фоида аз саҳмияҳо) ва дигар коғазҳои қиматнок;
- дигар даромадҳо (бо зикри навъи даромадҳо.
Дар эъломия дар бораи вазъи амвол зикри чунин маълумот зарур аст:
- дар бораи амвол (моликияти хусусӣ), аз ҷумла дар хориҷи кишвар;
- маълумот дар бораи амволи манқул ва ғайриманқул;
- дар бораи саршумори чорво ва паранда;
- дар бораи саҳмияҳо дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ;
- дар бораи пасандозҳо, металл ва сангҳои қиматбаҳо;
- дар бораи уҳдадориҳои дорои хусусияти молиявӣ.
Муофиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, хизматчиёни давлатӣ бояд на дертар аз 1 апрел (моҳи минбаъда баъди соли ҳисоботӣ) ба мақомоти маҳаллии андоз эъломия дар бораи даромадҳо ва маълумотнома дар бораи вазъи амволро пешниҳод намоянд.
Пешниҳод накардани эъломия ё зикри маълумоти носаҳеҳ дар он ба аз кор озод шудани хизматчии давлатӣ ва минбаъд рад шудани қабули ӯ ба хизмати давлатӣ асос шуда метавонад.
Дар эъломияҳои то ин дам амалкунанда барои хизматчиёни давлатӣ маълумот дар бораи музди меҳнати солона, даромадҳо ва амвол (мошин, амволи ғайриманқул ва ғайра) зикр мешуд.
Мувофиқи моддаи 123-и Кодекси андози Тоҷикистон, мақомоти андоз ба ифшо кардани маълумоти эъломияҳо ҳуқуқ надоранд.
Лекин агар худи соҳиби эъломия хоҳиш дошта бошад, ки дар бораи сарчашмаҳои даромади худ хабар диҳад, пас ин ҷо ягон маҳдудият намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как путь длиною в семь поколений привел художницу из Таджикистана на Венецианский биеннале
Чем завершилась первая Центральноазиатская конференция женщин журналисток?
Телефоны ветеринаров в Таджикистане. Кому звонить, если ваш питомец заболел?
Топ-10 «инстаграмных» заведений Ташкента: Чтобы было «вкусно» не только на тарелке, но и в интерьере
Госстат: Жители Таджикистана спят по 8 часов, читают 8 минут в сутки и работают всего час
Минобразования Таджикистана объявило о приёме документов для поступления на магистратуру в МГИМО
Чем нужно засаживать Душанбе, чтобы очистить воздух?
Жители Санкт-Петербурга собрали деньги для дворника из Узбекистана, спасшего людей при пожаре
Рабочая группа Минтруда Таджикистана проводит в аэропортах разъяснительную работу с мигрантами
В Бразилии из-за наводнений погибли 39 человек
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста