Эппностик (appnostic) шахсе аст, ки телефонро бе ҳеҷ гуна мақсад ё кори зарурӣ мекушояд ва ихтиёрро ба дастгоҳ месупорад.
Ин истилоҳи навро мутахассисони Phoenix ва Mobile Posse, ширкатҳои таҳқиқотӣ, ки одатҳои истеъмолии истифодабарандагони смартфонҳоро меомӯзанд, пешниҳод шудааст. Дар аввали соли 2019, ширкатҳо 1000 корбарони смартфони Android-ро таҳқиқ карданд ва муайян карданд, ки 22% иштирокчиёни таҳқиқот ба тавсифи «эпностикҳои ашадӣ» мувофиқанд. Яъне, ин одамон дар 70% ҳолатҳо телефонро беасос тафтиш мекунанд. Аммо боқимонда ширкаткунандагони таҳқиқот низ иқрор шудаанд, ки онҳо низ телефонро бе ягон ҳадаф мегиранд.
Мувофиқи маълумоти Phoenix ва Mobile Posse, ин одат аз соли 2016 то 32% афзудааст. Дигар пурсишҳо ва таҳқиқоте, ки гурӯҳҳои гуногуни таҳқиқотӣ дар Иёлоти Муттаҳида аз соли 2016 гузаронидаанд, нишон медиҳанд, ки истифодабарандаи миёна ба телефони худ дар як рӯз аз 150 то 300 маротиба назар мекунад.
Чӣ хел бо вобастагии смартфон мубориза барем? Се маслиҳати оддӣ барои аввал:
Смартфони худро камтар қулай кунед
Чӣ қадар монеаҳо дар роҳи гирифтан ва кушодани телефон зиёд бошанд, ҳамон қадар эҳтимолияти аз фикратон гаштан ва бе зарурат нагирифтани телефон бештар аст. Шумо метавонед рақамҳои зиёдтарро ба пароли худ илова кунед ё рамзи расмии (рисунок разблокировки) кушодани экранро мушкилтар кунед. Ба ҷойи барномаҳои интернетии қулай, шумо метавонед муваққатан версияҳои мобилии сайтҳоро истифода баред.
Смартфони худро камтар ҷолиб созед
Чашмони мо аллакай ба ҳама чизи равшану рангин одат кардаанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки рангҳои дурахшони нишонаҳо (иконки) ва огоҳиҳо (уведемлений) барои нигоҳ доштани диққати мо низ истифода мешаванд. Агар шумо дар танзимоти телефони худ имконоти иваз кардани ранги экран ба сиёҳу сафед дошта бошед, пас аз рангҳои бисёр муваққатан даст кашед. Агар чунин имконият дар телефони шумо набошад, пас шумо метавонед барномаи махсусро барои ин боргирӣ (скачать) кунед.
Вақтро пайгирӣ кунед
Барои ин ба шумо барномаҳое кӯмак мекунанд, ки вақти сарфкардаи шуморо ба смартфони худ ё ҳатто дар ягон барномаи муайяни он ҳисоб мекунанд. Ин барномаҳоро метавон чунон танзим кард, ки вақте аз мӯҳлати муқаррарӣ зиёдтар смартфонро истифода мебаред, шуморо огоҳ мекунанд.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Рубль упал, но причем тут трудовые мигранты?
Таджикистан на мировой арене ритейла: Асадулло Рахмонов поделился секретами успеха на ПЛАС-Форуме в Ташкенте
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста