Созмони байналмилалии муҳоҷират – Оҷонси муҳоҷирати Созмони Милал (СБМ) дар ҳамкории наздик бо ҳукумати Тоҷикистон ба бозгашти беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд.
Мавҷи нави муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, субҳи рӯзи 16-уми август, вориди ватан шуданд. Ин ибтикорро ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. Ин амалиёти интиқол ва ироаи ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирони дармонда бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт.
Аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти беш аз 1800 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Ӯзбекистон ба ватан мусоидат кардааст. Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.
Бархе аз онҳо дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифторӣ ба КОВИД-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд.
Бемории фарогири КОВИД-19 ҳукуматҳоро водор намуд, то ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои зарурӣ андешанд. Ин чораҳо, ҳамчунин, аз маҳдудиятҳои сафар ва ҳаракат ҳам иборат буданд, ки ба ҳама таъсир расониданд, ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди муҳоҷирон гардиданд.
Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо барои бозгашт таъкид менамояд. СБМ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол ва ватани муҳоҷирон даъват мекунад, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармондаро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Я не ищу признания, я хочу передать знания». Камолуддину Абдуллаеву - 75 лет
СМИ: Россия и США уже несколько месяцев ведут тайные переговоры
В Китае вирусологи выявили у летучих мышей новый коронавирус
Власти возобновили расследование дела сотрудников "Агроинвестбанка" спустя три года
Банк «Эсхата» выбрал певца Фарруха Хасанова своим амбассадором в 2025 году
Как в таджикском селе, где нет электричества, жители используют энергию солнца
Агент Кова Тилавпур объяснил, почему игроки с таджикскими корнями из РФ не играют за сборную Таджикистана
Как выбрать автомобиль для девушки? Полный гид с советами эксперта
Замглавы Исфары оштрафован за продажу земли, но пока остается на своем посту – Агентство по борьбе с коррупцией Таджикистана
Аденома простаты, отсутствие эрекции и бесплодие: какие мужские болезни лечат в клинике «Евромед»?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста