Нимсолаи аввал беш аз 9,4 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бо ташаббуси корфармоҳо дар рухсатии маҷбурӣ қарор доштанд.
Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, 7,8 ҳазор нафари онҳо ба рухстии бемузд фиристода шуда, 200 нафар дар реҷаи ҳафтаи кории нопурра ё рӯзи кории нопурра фаъолият доштанд.
Сатҳи бекорӣ бо назардошти бекории пасипардагӣ аз ҷониби Агентии омор 2,5% аз шумори умумии қувваи корӣ арзёбӣ мешавад.
Бекории пасипардагӣ шуғли нопуррае мебошад, ки бар асари бозмондани истеҳсолот қисме аз кормандон дар рухсатии маҷбурӣ қарор доранд ё бо реҷаи ҳафтаи кории нопурра ё рӯзи кории нопурра фаъолият мекунанд.
Қувваи корӣ (шуғлдошта ва бекорони расман сабтшуда) тибқи арзёбии пешакии Агентӣ 2 млн 445 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Зиёда аз 2 млн 394 ҳазор нафари онҳо (97,9%) дар соҳаи иқтисод машғули кор буда, 51,5 ҳазор кас расман мақоми бекор доранд, ки ба 2,1% аз шумори умумии қувваи корӣ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Мувофиқи маълумоти Агентии омор, шумори аҳолии Тоҷикистон ба аввали нимсолаи соли ҷорӣ 9 млн 392 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи баъзе маълумоти расман тасдиқношуда, беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ, асосан дар Русия қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.