Озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»-и пойтахт бо қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад.
Комиссия озмун, ки ба ҳайати он намояндагони шаҳрдорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, вакилони маҷлиси шаҳр шомил буданд, натиҷаи озмунҳоро ҷамъбаст карда, ғолибонро эълон карданд.
Мувофиқи шартҳои озмун, комиссия ободии кӯча, риояи қонуниятдар ҷойгиршавии зерсохтор дар онҳо, иштироки сокинони он дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳоро омӯхт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдорӣ.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар номинатсияи “Оилаи беҳтарин” оилаи Зарргул Қурбонова (кӯчаи Қурбон Раҳимови ноҳияи Сино) ғолиб дониста шуда, оилаи Фирӯза Ҳиматова (кӯчаи Гастеллои ноҳияи Шоҳмансур) зинаи дуюм ва оилаи Абдуғаффор Ғаниев (кӯчаи Сайидои Насафии ноҳияи Фирдасӣ) - ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар номинатсияи "Маҳаллаи беҳтарин" ҷойи аввал ба маҳаллаи "Шоҳмансур-1"-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи "Чортут"-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муносиб дониста шуд.
Дар номинатсияи "Кӯчаи беҳтарин" ҷойи аввал ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюм ба кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва зинаи сеюм ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ сазовор дониста шуд.
Ба ғолибони озмун дар ҳар кадоме аз бахшҳо ифтихорнома ва ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд. Дар озмуни “Оилаи беҳтарин барои ҷойҳои 2 ва 3-юм 6 ва 4 ҳазор сомонӣ ва зинаҳои дуюму сеюм дар дигар номинатсияҳо ба ҳар кадоме мутаносибан бо 4 ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.