Маскав дар давоми як моҳ алоқаи ҳавоиро бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқарор карда метавонад, хабар додааст рӯзи сешанбе ба “Интерфакс” як манбаи огаҳ.
“Дар навбати аввал механизмҳои барқарор кардани парвозҳо ба пойтахти кишварҳои ИДМ баррасӣ мешаванд. Ин ҷо сари Нур-Султон, Тошканд, Боку, Ереван ва дигар шаҳрҳо сухан меравад”, - гуфтааст манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, нахуст алоқаи ҳавоӣ бо пойтахти Беларус - шаҳри Минск барқарор шуда метавонад.
“Алҳол ин масъала бо иштироки мақомоти авиатсионӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дорад. Санаи барқарор кардани парвозҳо алҳол муайян карда нашудааст”, - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.
Барқарор шудани парвозҳоро байни Русия ва Тоҷикистон бештар аз ҳама донишҷӯён интизорӣ доранд, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Тибқи маълумоти ВКХ кишвар, шумори онҳо беш аз 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 1 ҳазор нафарашон ҳамин сол дохил шудаанд.
Аз 21 август то 13 сентябр тариқи парвозҳои чартерӣ 5432 нафар мусофирон аз Тоҷикистон ба Русия рафтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Вдохновляющая красота Таджикистана: 7 причин посетить эту страну
Таджикистан нарастил импорт древесины. Крупнейший поставщик — Россия
Эмомали Рахмон: «Мир и доверие — ключ к решению глобальных угроз и развитию»
Яркая, чувственная Saya Musa на Tarona Music Award 2025!
Какие футбольные клубы в Таджикистане самые популярные?
В Узбекистане осудили преступную группу, торговавшую человеческими органами
Когда виртуальное становится реальным: в Таджикистане обсудили вопрос защиты девочек от гендерного насилия в Интернете
Леса уходят, и природные катастрофы в Таджикистане становятся ближе
«Эсхата Банк» стал лауреатом награды Европейского банка реконструкции и развития
В Душанбе открыта таджикско-китайская экологическая лаборатория
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста