Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки 16 сентябр аз марги ҷуброннопазираш 8 сол сипарӣ шуд, на танҳо як донишманди варзидаи тоҷик, балки бо донишварӣ, мардумдорӣ ва шаҳомати ахлоқие, ки аз худ ба намоиш гузошта буд, рамзи як равшанфикри миллии Тоҷикистони пасошӯравӣ буд. Ӯ аз рӯшанфикроне буд, ки замоне мо “калашникуф” дар дасту хона ба хона гашта “инҷойиву онҷойӣ” меҷӯстему мекуштем, мунодии илму фарҳанг буд ва дар қаламрави тамаддуни эронӣ ба дунболи таъмини шаҳомати миллии мо буд. Шакурӣ аз равшанфикрони хушноми тоҷик буд, ки ҳамеша бо афкори рӯшангарона ва миллигароёнааш дар сархати расонаҳо қарор дошт. Дар шабу рӯзи солгарди марги “Сояи шаҳри Бухоро” (таъбири шоир Сиёвуш) чанд нуктаеро аз мусоҳибаи солҳо қабли рӯзноманигори варзида Суҳроб Зиё бознашр мекунем, ки барои имрӯз ва ҳатто ояндаи мо низ арзиши гароне доранд.

Дар бораи ягонагии миллӣ

Масалан, шак нест, ки аз як гиребон сар баровардани халкҳои Тоҷикистон – узбакҳо, русҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва ғайра зарур аст. Лекин ин ягонагӣ он гоҳ чун як омили муҳими иҷтимоӣ ба кор хоҳад омад, ки ин халкҳо дар атрофи миллати тоҷик муттаҳид шаванд, иттиҳоди онҳо яке аз паёмадҳои ягонагии миллии мардуми тоҷик бошад. Дар сурате, ки имрӯз ягонагии миллии тоҷикон вуҷуд надорад, иттиҳоди халкҳо ба сифати як қувваи иҷтимоъиву сиёсӣ чи нақше метавонад дошта бошад?

Акс: Суҳроб Зиё

Вазифаи таърихие, ки имрӯз дар назди мо истодааст, таъмини ягонагии миллии тоҷикон аст. Имрӯз аз фаро расидани ягонагии миллии мо торафт умед кам мешавад. Парокандагии миллат торафт меафзояд. Дар солҳои ҳокимияти  Шӯравӣ дар шаҳри Душанбе намояндагии ҳама минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна гирд омада буданд. Чунин гирдомади намояндагони ҳама тоҷикони Осиёи Миёна на танҳо дар Душанбе, балки дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон дида мешуд. Ин ҷамъомад ва ҳамзистии тоҷикони минтакаҳои гуногун дар овони истиқлоли сиёсӣ заминаи иҷтимоии ягонагии миллӣ буд. Дар солҳои навадум пеш аз ҳама дар ҳамин замина бояд ягонагии миллӣ шакл мегирифт. Ҳоло ин замина аз даст рафтааст. Ҳоло тоҷикони минтақаҳои гуногун ба минтақаҳои худ баргаштаанд. Аз Тоҷикистон кӯч бардоштани тоҷикон босуръат давом дорад. Ҳазорон нафар бидуни кӯчбандӣ тарки ватан мекунанд. Маҳалгароӣ авҷ мегирад. Ҳисси миллӣ суст ва андешаи миллӣ кунд мешавад. Аз худшиносии миллӣ гуё чизе боқӣ намондааст. Шубҳа нест, ки дар ин сурат аз ягонагии миллӣ умед наметавон кард. Агар иттиҳоди миллӣ дар шароитҳое чун дар шароити имрӯзаи мо – дар овони буҳрони куллии миллӣ шарти асосии ҳастии миллат бошад, бояд бигӯем, ки алъон ҳастии миллат зери хавф аст. Пас вазифаи асосии давлат фароҳам овардани заминаи ягонагии миллӣ, заминаи      иҷтимоъии ҳастии миллат аст. Ҳамаи иқдомоти давлат, ҳамаи барномаҳо ва чорабиниҳо, аз ҷумла ҳамаи аҳдномаҳо бояд ба ҳамин мақсад ҳизмат кунанд. Мутаассифона мо ҳанӯз аз интернатсионализми пролетарӣ дил накандаем. Усули интернатсионализми пролетарӣ аз фаҳмиши нодурусти интернатсионализм сар зада буд, фақат манфиатҳои синфиро эътироф мекард, аз манфитаҳои миллӣ чашм пӯшиданро тақозо дошт. Дар замони шӯравӣ аз миллат ва манфиатҳои миллӣ гап занем, миллатчӣ мешудем. Аз кор фармудани ибораи «миллати тоҷик» худдорӣ мекардем, «халқи тоҷик» мегуфтем. Имрӯз аз фаҳмиши онвақтаи мафҳумҳое аз қабили халк ва миллат, аз фаҳмиши пештараи интернатсионализм бояд қатъиян даст кашем, идеологияи миллиятзудоиро қатъиян рад кунем, миллат ва манфиатҳои миллиро аз ҳама болотар гузорем, ҳама барномаҳои давлатро ба фароҳам овардани асбоби ягонагии миллӣ, ба устувор кардани пояҳои ҳастиии миллат равона созем. Интернатсионализми пролетарӣ ва мафкураи маҳалгароӣ ҳар ду як чиз аст. Ҳар ду ҳам манфиатҳои гурӯҳӣ, манфиатҳоеро, ки хилофи манфиатҳои миллат аст, дар назар дорад ва теша ба решаи миллат мезанад.

Интернатсионализм яке аз ҷузъҳои андешаи миллист. Агар миллат ва андешаи миллӣ вуҷуд дошта бошад, фикри байналмилалӣ вуҷуд хоҳад дошт. Ҳоло миллатро бояд наҷот дод. Агар барои растагории миллӣ камари ҳиммат бандем, ҳангоми мубориза кам-кам интернатсионализми нави ҳақиқӣ ташаккул хоҳад ёфт. Барои он ки растагорӣ муяссар шавад, зарур аст, ки давлат ҳар чи зудтар барои яклухтиву ҳамгароӣ, барои ҳамдиливу ягонагии миллат заминаи зарурӣ омода созад. Ҳоло фармудаи таърих ҳамин аст.

Ман комилан ҳамфикри Р.Масов ҳастам, ки роҳи наҷоти миллатро дар миллатгароии тоҷикӣ дидааст. Миллатгароӣ зидди миллатҳои дигар рафтан нест, балки пардохтан ба ҳоли худ аст. Пардохтан ба ҳоли худ беэътиноӣ нисбат ба дигарон набуда, вазифаи ҳатмии ҳар шахс ва ҳар миллат аст. Мо ҳоло ба марҳилае расидаем, ки ҳукуки миллат баробари ҳукуки шахс аҳамият пайдо кардааст. Ҳуқуқи миллат баробари ҳуқуқи шахс муқаддас аст. Чандест, ки миллати тоҷик аз ҳукуки асосӣ, аз ҳуқуқи устувор кардани пояҳои ҳастии худ ҳар чи бештар маҳрум мешавад. Зарур аст, ки даврони истиқлол аввалан барои иҷрои ҳамин ҳуқуқ имкон ба вуҷуд биёварад.

Дар бораи забону хати порсӣ

Дар замоне, ки мардуми мо дар ғами як даҳан нон ҳастанд, дар бораи маданият, хатти ниёгон, забон, фикр кардан аҷиб менамояд. Лек имонам комил аст, ки ин ҳолат дер давом намекунад. Як рӯз не, як рӯз шароите фароҳам мегардад, ки мардуми мо боз ба худ меоянд, он вакт боз ба ёдамон мерасад, ки фарҳангу маънавиёт, забону саводу мактаб бисёр чизҳои зарурии ҳаёти инсонанд.

Аsia Plus

Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи Қонуни забон дар соли 1989 тамоми халқ гӯё аз як гиребон сар бароварда буданд. Имрӯз мардум ҳатто ба Қонуни забон, хатти ниёгон бетафовут менигаранд. Як сабаби ин ҳолати ногувор шояд он бошад, ки мардум аз муборизаҳои озодихоҳии миллӣ ва фарҳангии оғози солҳои навадум дилсард шуданд. Чунки ин талошу муборизаҳо оқибат ба хунрезию бародаркушӣ анҷом ёфт. Ва бисёр касоне ба он ақидаанд, ки гӯё ҳамон муборизаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ рафта-рафта боиси ҷанги хонагӣ шуд. Ҳатто дар мақомоти олидараҷаи Тоҷикистон шахсоне ёфт мешаванд, ки мегӯянд: «Дигар масъалаи забонро набардоред, ки боз ҳамон рӯзҳо ба сарамон меояд.» Ин як пиндори тамоман нодуруст аст. Чунин пиндорро онҳое қувват медиҳанд, ки намехоҳанд забони модарии худро омӯзанд. Албатта айби онҳо нест, ки забони модарӣ, забони миллатро намедонанд, ё кам медонанд, ба ин забон фикр кардан, кор карданро ёд нагирифтаанд. Ин ҳаргиз айби онҳо нест, айби замон аст. Айби онҳо ин аст, ки барои ёд гирифтани забони модарӣ, барои кор кардан бо ин забон имрӯз ҳам хоҳишу кӯшиш надоранд. Барои ин ки чунин кӯшиш пайдо шавад, аҳамияти миллӣ лозим аст.

Дар бораи “шуури пасти динӣ” ё “бунёдгароии исломӣ”

Дар Фаронса, бо мақолаи як коршиноси порисӣ дар умури ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ошно шудам. Ӯ воқеаҳои чанд соли охири Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашида, аз ҷумла навиштааст, ки яке аз сабабҳои ин воқеаҳо қувват гирифтани ислом дар кишвар аст. Муҳаққиқ гуфтааст, ки чун хангоми тақсимоти ҳудуди миллии кишварҳои Осиёи Миёна дар соли 1924 Бухорою Самарқанд аз Тоҷикистон берун монд, бар асари ин тақсимоти ноадолатона тоҷикон аз қисми асосии суннану анъанаҳои қадимии фарҳангии хеш ҷудо гардидаанд ва ҷои ин холигиро «фундаментализми исломӣ» ишғол кард.

Акс: Абдуазими Абдуваҳҳоб

Ман дар як ҷаласаи ЮНЕСКО зимни маърӯза он нуктаи мақолаи коршиноси порисиро дар мавриди Самарқанду Бухоро таъйид карда, иброз доштам (Дар ин ҷаласаи пуршукӯҳи созмони ЮНЕСКО академик Муҳаммадҷон Шакури ба забони тоҷикӣ суханронӣ кард, як нафар муҳаққиқи адабиёти тоҷик дар Фаронса суханронии устодро ҳамзамон ба забони фаронсави тарҷума менамуд), ки аз Тоҷикистон берун мондани ду гаҳвораи тамаддуни халқи тоҷик воқеан ба рушди шуури миллӣ ва худшиносии маънавии тоҷикон таъсири манфӣ кард. Мо аз қисми асосии решаҳои таърихии хеш бурида шудем ва маданияти мо паст рафт, шуури иҷтимоӣ ва маънавӣ нуқсон дид. Шуури маънавии ҷомеъа паст ва ёди таърихӣ суст буд. Аз ин ҷост, ки дар ҳудуди солҳои ҳаштоду навад анъанаҳои фарҳангии бостонӣ дар ташаккули шуури нави иҷтимоӣ нақши муҳим натавонист гузорад ва ҷои онро шуури динӣ гирифт, вале на «бунёдгароии исломӣ», балки маҳз шуури пасти динӣ фаъол шуд. Агар бунёдгароии исломӣ қувват меёфт, хилофи манфиатҳои миллат амал намекард ва харобкорӣ намеовард, зеро дину диёнат одамиятро устувор мекунад, мардумонро муттаҳид менамояд. Шуури пасти динӣ буд, ки таассубро қувват дод. Дар 70 соли давраи Шӯравӣ дину оин моҳиятан манъ буд, саводи динӣ омӯхтан имкон надошт, мардум аз саводи динӣ маҳрум мондаанд, аз муллоҳои хушсавод роҳбарӣ намедиданд. Муллоҳои хушсаводу ҷавон, ки солхои ҳаштод пайдо шуданд, мутаассифона кам буданд. Дар солҳои бозсозӣ дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон 2 ҳазор масҷид сохта шуд. Аммо ин масҷидҳоро бо ду ҳазор имом-хатиби босаводу доно таъмин карда натавонистем. Ва ҳол он ки мардум дар масҷид гирди ҳамин рӯҳониён ҷамъ мешуданд. Шуури пасти динӣ боиси он гардид, ки мардум ба роҳи дуруст нарафтанд. Шуури динӣ паст бошад, дар ҷомеъа бисёр оқибатҳои бад хоҳад дошт. Ман ба роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ гуфта будам, ки ҷавононро ба мадрасаҳои динии дигар кишварҳо бояд фиристод, то онҳо таҳсил намуда босавод шаванд, афроди ҳақиқатан диндор бошанд, мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят кунанд. Зеро ҷомеъа агар дар дасти нимчамуллоҳо монад, фоҷеа мебинад.

Дини ислом асоси маънавияти мардуми мост ва одамият меомӯзад. Он чи мегуфтем: «Дин – афюн аст», дуруст нест. Дар ҳадис омадааст, ки «Дин ақл аст». Дар ҳақиқат ҳаёти маънавии аҳли башар бо пайдоиши оини Буддо, Зардушт ва дини яҳудиён, бо оғози фалсафаи Чину Юнон шурӯъ шуда, бо зуҳури ислом ба дараҷаи баланд расид. Дини мубини ислом инсонро таҷаллии зоти илоҳӣ медонад. Инсон дар ҳеҷ омӯзае аз ин баландтар мақом наёфтааст. Агар донишҳои инсон ба умқи маърифати исломӣ бирасад, пояҳои одамият, адлу инсоф, ахлоқу адаб дар ҷомеъа устувор мешавад. Аз ин ҷо манфиатҳои ҷомеъа дараҷаи баланди тараққии шуури диниро хоҳон аст. Шуури динӣ ҳарчӣ баландтар бошад, бунёди инсонии ҷомеъа мустаҳкамтар хоҳад буд. Бино бар ин ҷомеъа, аз ҷумла давлат ҳамеша бояд дар бораи ин ки диёнат сатҳи баланд дошта бошад, ғамхорӣ кунад.

Дар бораи академик Раҳим Масов

Ман ин китобро бо шавқ мутолиа кардам. Китоби аввали Рахим Масов «Таърихи табартақсим» мадорики бисёр ҷолиб дошт. Китоби дуюм як навъ таҳлили мадраку ҳуҷҷат ва маводи «Таърихи табартақсим» мебошад. Таҳлилу бозтоби ҷараёну сабабҳо, решаҳо ва анҷоми тақсими ҳудуди миллии Осиёи Марказӣ бар асоси санаду ҳуҷҷату далелҳои мӯътамад ва раднопазир сурат гирифтааст. Ин ду асари Раҳим Масов василаест, ки як саҳифаи то имрӯз асрорангезу норавшани таърихи давлату халқи худро хуб донем. Ба андешаи банда, агар чунин мебуд, шояд воқеаҳои ногувори чанд соли охири ҷумҳурӣ рух намедоданд. Дар қарни ХХ солҳои 1990, 1992-1993 таърихи чанд даҳсола қабл дар Тоҷикистон айнан такрор гардид. Агар мо на таърихи парерӯза, балки гузаштаи дирӯзаи халқи худ, аз қабили Инқилоби Уктубр, Инқилоби Бухоро ва марҳилаҳои баъдии онро медонистем, шояд имрӯз чунин рӯзҳои сахт ба сарамон намеомад. Аз ин дидгоҳ китоби «Тоҷикон: таърих бо рамзи «комилан махфӣ» барои амиқ ва ҳамаҷониба омӯхтани як сафҳаи таърихи миллати тоҷик хеле муҳим аст.


Ман ба ақидаи онҳое, ки мегӯянд: дар шароити имрӯзи мо чунин китобро набояд нашр мекардем, комилан розӣ нестам. Зеро ҳоло шуури нави миллати тоҷик ташаккул меёбад. Маҳз дар ин марҳала донистани саҳифаҳои норавшани таърихи миллат барои ҳар як тоҷик зарур аст. Фардо шояд барои анҷоми ин кор дер шавад.

Аммо китоби Раҳим Масов ба андешаи ман як камбудии ҷиддӣ дорад. Муаллиф тамоми онҳоеро, ки дар вақти тақсими ҳудуди миллӣ ҳаққи тоҷиконро рӯёнда натавонистанд, хоину миллатфурӯш ном бурдааст, ки ман ба ин мутлақо розӣ нестам. Он солҳо аз байни тоҷикон шахсоне ҳам пайдо шуда буданд, ки бо вуҷуди саҳву хатоҳо барои рӯёндани ҳаққи тоҷикон фидокорӣ кардаанд. Вақте ки тақсими ҳудуди миллӣ оғоз гардид, комиссиюни табартақсим дар ибтидо ба тоҷикон ҳатто як вилояти мухтор намехост бимонад. Дар охир ҳайати комиссиюн якбора розӣ шуданд, ки ба тоҷикон як вилояти мухтор бидиҳанд. Ин розигӣ ногаҳон аз куҷо пайдо шуд? Бешак, талошҳое берун аз ҷаласаи комиссиюн давом дошт ва натиҷаи он талошҳо ба қарори комиссиюн таъсир кард. Аз Тошканд қарори тақсимотро барои таъйид ба Маскав бурданд. Абдуқодир Муҳиддинов ва Чинор Имомов низ пинҳонӣ ба Маскав рафтанд ва ба давуғеч даромаданд. Онҳо арзу додашонро ба гӯши Сталину Чичерин расониданд. Шояд аз ҳамин талошҳо буд, ки дар Маскав қарор тамоман дигар шуд: Тоҷикистон Ҷумҳурии Мухтор дар ҳайати Узбакистон эълон гардид. Шояд аз он ҷиҳат, ки А. Муҳиддинов ва Ч.Имомов низ дар аввал олудаи афкори пантуркистӣ шуда, худро узбак гуфта буданд. Раҳим Масов онҳоро дар як саф бо Файзулло Хоҷаеву Абдулло Раҳимбоев, ки ҳар ду тоҷик ва аз ташкилкунандагони асосии «табартақсим» буданд, гузоштааст. Дар хаққи Ф.Хоҷаву А.Раҳимбоев, ки тавқи лаънат бар гарданашон афтода буду то охир монд, Раҳим Масов ҳар чиз гӯяд, боз кам аст. Аммо хизматҳои Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шотемур ва Чинор Имомовро бояд зикр кунем. Албатта аз саҳву хатоҳои онҳо чашм пӯшидан нашояд, лекин ҳеҷ мумкин нест, ки онҳоро хоину ватанфурӯш биномем.

«Чархи гардун» № 9, 15 августи соли 1996