Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки давраи рӯзҳои 3 то 7 октябри соли ҷорӣ вақтҳои шабона дар ноҳияҳои кӯҳии кишоварзии ҷумҳурӣ (баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр) дар қабати хок сармозании бармаҳали тирамоҳӣ то 0-2 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.
“Ҳарорати пасти ҳаво боиси зиён дидани сабзавотҳои ноғундошта гардида, нигоҳубин ва чаронидани чорворо мушкил мегардонад”, - омадаст дар хабар.
Аз ин рӯ, Кумита тавсия медиҳад, ки барои саривақт ва беталаф ғундоштани ҳосил кӯшиш ба харҷ дода шуда, он бо маводи зарурӣ, аз қабили пленка ё коҳ пӯшонида шавад.
“Ба бахши чорводорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ аз эҳтиёт кор гирифтан зарур аст”, - қайд мекунанд дар КҲФ.
Дар маълумоти Кумита ҳамчунин ба ронандагон аз эҳтимоли хавфу хатар дар роҳҳои мошингард ҳушдор дода мешавад.
Гуфта мешавад, боришот ва сардӣ ба ҳаракати нақлиёт монеъа эҷод карда, инчунин ба зиёд шудани ҳодисаҳои садамаи нақлиёт боис шуда метавонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мирзо Мастонгулов: последний полет
В результате пожара в отеле на курорте в Турции погибли 66 человек
Хакеры получили доступ к базе данных пользователей «Ростелекома»
«За честность и смелость». Узнали, за что читатели любят газету «Азия-Плюс»
Парень из Таджикистана принял участие в параде по случаю инаугурации Трампа. Кто он?
Кадровые перестановки в Таджикистане: президент снял глав Минтруда, КЧС и председателя Верховного суда
В Душанбе отмечен рост случаев поножовщины и насилия на почве семейных разногласий
1688 номеров, 5 редакторов и след в истории: газете «Азия-Плюс» – 25 лет!
Таджикистан увеличил импорт подсолнечного масла из Казахстана
В 2024 году в Узбекистан из России доставили тела 474 умерших мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста