Аҳолии минтақаҳои деҳоти ҷумҳурӣ аз қатъи дарозмуддати интиқоли барқ аз оғози ҳафтаи равон шикоят мекунанд.
Дар аксарияти ноҳияҳои вилояти Суғд тайи чор рӯзи охир интиқоли барқ 9 соат қатъ мешавад. Ин ба пайдо шудани овозаҳо байни мардум дар бораи ҷорӣ гардидани реҷаи шадиди маҳдудияти истифодаи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон боис гардид.
Сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки аз оғози ҳамин ҳафта аз соати 07:00 то 16:00 интиқоли барқ ба онҳо қатъ шуда, касе сабаби инро шарҳ намедиҳад.
Боз як сокини ноҳияи Ашт, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, хабар дод, ки рӯзҳои охир онҳо аз соати 08:00 то 17:00 аз гирифтани барқ маҳрум мешаванд. Ӯ қайд кард, ки кораш ба барқ вобаста буда, акнун бекор мондаасту барои таъмини рӯзгор пул кор карда наметавонад.
Дар шабакаҳои барқи вилояти Суғд мегӯянд, айни замон дар шаҳру навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Мастчоҳ, Истиқлол ва Гулистон дар зеристгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.
Намояндаи шабака бидуни ифшои ном изҳор дошт, ки ба гумони ғолиб, ин корҳо то охири моҳи октябр идома ёфта, барои таъмини мунтазами интиқоли барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон анҷом дода мешаванд.
Дар ҷануб боз ҳам шадидтар аст
Сокинони манотиқи ҷануби кишвар низ аз маҳдудияти истифодаи барқ шикоят мекунанд: дар ҷамоатҳои ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон интиқоли барқ ба аҳолӣ шабона аз соати 22:00 то 05:00 ва рӯзона аз соати 08:00 то 17:00 қатъ мешавад, яъне дар як шабонарӯз 8 соат барқ дода мешавад.
Муовини роҳбари ҶСК “Шабакаҳои барқи ҷануб” Давлаталӣ Назаров ба хабарнигори “Азия-Плюс” ин вазъро ба корҳои таъмир дар иншооти интиқолдиҳанда марбут донист.
“Ахиран лар неругоҳҳои барқи обии Норак ва Сарбанд корҳои таъмир гузаронида шуда, лозим омад, ки интиқоли барқро тариқи хатҳои баландшиддат боздорем. Неругоҳҳои хурд ба таври кофӣ барқ истеҳсол карда наметавонанд”, - гуфт вай.
Аммо, ба гуфтаи ӯ, корҳои таъмиру профилактикӣ аллакай ба итмом расида, аз имрӯз дар қаламрави вилоят дигар интиқоли барқ қатъ намешавад.
“Барқи тоҷик”: Ин лимит не, балки профилактика аст
Дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ҳанӯз 6 октябр онҳо истеъмолгаронро дар бораи қатъи имконпазири интиқоли барқ барои баргузор намудани корҳои таъмиру профилакатикӣ дар неругоҳҳои бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ огоҳ карда буданд.
Зикр гардида буд, ки бо сабаби иҷрои охирин корҳои назоратии тайёрӣ ба зимистон дар зеристгоҳҳои бузург ва хатҳои баландшиддати барқ ва дар аксари маҳалҳо тавассути хатҳои эҳтиётӣ интиқол додани нерӯӣ барқ, дар баъзе минтақаҳо, аксаран дар соатҳои вақти рӯзона, эҳтимоли қатъи барқ ба миён меояд.
Дар ширкат итминон дода буданд, ки инро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҷорӣ намудани маҳдудият дар интиқоли барқ ҳисоб намуд ва ин корҳо ба хотири таъмини муназзами барқ дар фасли зимистон гузаронда мешаванд.
“Корҳои назоратии таъмирӣ-профилактикӣ вобаста ба ҳаҷми таҷҳизоти таъмиршаванда дар муҳлати кӯтоҳ ба охир мерасанд ва интиқоли барқ боз ба эътидол медарояд”, - қайд шуда буд дар хабари ширкат.
Обгирӣ дар Роғун
Дар ҳамин ҳол, аввали даҳаи дуюми моҳи сентябр дар сомонаи ҶСК “НБО Роғун” доир ба оғози обгирӣ аз дарёи Вахш барои боло бурдани сатҳи обанбори неругоҳи Роғун хабар нашр шуд.
Гуфта мешуд, ин кор барои зиёд кардани иқтидори истеҳсолии ду агрегати амалкунандаи неругоҳ анҷом дода мешавад.
Зикр гардида буд, ки бо сабаби паст будани саҳи об дар обанбори Роғун, ду агрегати нахустини неругоҳ имрӯз бо иқтидори минималӣ кор мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Собака загрызла таджикистанку, работавшую домработницей в Мытищах
МВД России и Таджикистана обсудили совместные меры борьбы с международным наркобизнесом
Президент Абхазии подал в отставку ради стабильности в стране
Как в Таджикистане удалось выполнить план осеннего призыва досрочно
МИД России: Удары ATACMS по России будут означать прямое участие США в конфликте
В Душанбе задержан подозреваемый в покушении на убийство и пытках мигрантов на Сахалине
Мирзиёев хочет возродить оппозицию в парламенте Узбекистана
Эмомали Рахмон потребовал построить в каждом городе и районе Согда музыкальные школы
Великобритания и ЕС расширили санкции против Ирана за поставок оружия в Россию
Экзамен по русскому устно. В Думе предложили 10 «незамедлительных» мер по мигрантам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста