Ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз мавридҳои зиёд шудани гирифторӣ ва талафот аз коронавирус дар ин шаҳр нигаронии шадид кардааст. Аммо омори расмие, ки мақомоти ин шаҳр пешниҳод мекунанд, вазъро муътадил нишон медиҳад. Вазорати тандурустӣ ҳам мегӯяд, оморе, ки дар даст доранд, вазъи шаҳри Хуҷандро муътадил нишон медиҳад ва ҳоло вазъ дар ҳеч минтақаи Тоҷикистон нигаронкунанда нест. Аммо дар Тоҷикистон омори гирифторӣ ба коронавирус ва марг аз он дар минтақаҳо барои расонаҳо пешниҳод намешавад, танҳо омори умумиҷумҳуриявӣ дастрас аст. Бо ин вуҷуд, мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз зиёд шудани мавридҳои беморӣ дар Хуҷанд нигаронӣ мекунанд. Аммо ба омор ва суханони кӣ бояд бовар кард? Вазъи воқеӣ чист?

Ҳукумати Хуҷанд чӣ мегӯяд?

Ҳоло ба гуфтаи Фирӯза Нуруллозода, муовини раис шаҳр “дар Хуҷанд ин шабу рӯз 128 нафар бемор бо иллати илтиҳоби шадиди шуш дар беморхонаҳо бистариянд”. Ҳамчунин ба гуфтаи ин муовини раиси шаҳр, 64 нафар бо илтиҳоби шадиди шуш ва 35 нафар бо COVID-19 таҳти назорати абулаторӣ қарор доранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз вазъи паҳншавии бемории COVID-19 ва фавти одамон дар ин Хуҷанд сахт нигаронӣ кард. Маъруф Муҳаммадзода ба командаи зердасташ гуфт, “ин шӯхӣ нест, ҷони одам дар миён аст, талафот шуда истодааст.” Шаҳрдори Хуҷанд фаъолияти раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳрро дар самти пешгирии бемории ҳамагир танқид кард ва ба коммисияи созмонёфта супориш дод, ки баъди санҷиш ба ӯ гузориш диҳанд.

“Ҳамин рӯз нишаста таҳлил кунед, кор мекардагӣ кор кунад, намекунад, ба ҷояш дигар нафар кор мекунад”-гуфтааст дар ин ҷаласа раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар ин ҷаласа ҳамчунин аз василаи паҳншавии беморӣ будани савдои кӯчагӣ, тӯйҳо ва дигар маъракаҳои серодам низ нигаронӣ кардааст. Нигаронӣ аз савдои кӯчагӣ ва тӯйҳо дар ҳолест, ки дар Хуҷанд чорабиниҳои расмӣ бо иштироки шумори зиёди мардум барпо мешаванд. Хусусан, зимни сафари ахири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят ҳузури густардаи мардум дар чорабиниҳо ба назар мерасид.

Хуҷанд. 16.10.2020. Симпозиуми байналмилалии 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Афзоиш. Гуноҳи раисони маҳаллаҳо?

Маъруф Муҳаммадзода кори раисони маҳаллаҳоро дар амри пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва иттилоърасонии мардум нокофӣ хонда, сахт интиқод кардааст:

“Давлату ҳукумат бовар карда ба Шумо вазифа додааст. Имрӯз рӯзи он аст, ки ба вазифаатон содиқ монда, баҳри саломатии сокинон чораандешӣ кунед, то фавт ва беморшавӣ кам гардад. Афсӯс, ки Шумо ҳамаатон шах шудагӣ, намедонам ягон чораандешӣ аз ҷониби Шумо надида истодаам, ягон иқдом, пешниҳод аз раисони маҳаллаҳо нест. Ин шӯхӣ нест, ҷони одам дар миён аст. Талафот шуда истодааст. Ҳамаи раисони маҳалла хуб медонед, ки аз кадом кӯча бо кадом сабаб фавтид. Кадоме аз раисони маҳалла дар ҳамин самт бетарафӣ кардааст, мешинетон ба ман гузориш нависед, ягон рӯз кор намекунад. Ин шӯхӣ нест, ба ҳаёти одам вобаста аст. Мо мӯҳлат дода наметавонем, ки ӯ камбудияшро ислоҳ кунад. Ҳамин рӯз нишаста таҳлил кунед, кор мекардагӣ кор кунад, намекунад ба ҷояш дигар нафар кор мекунад.”-таъкид намуд раиси шаҳри Хуҷанд.

Нигарониҳои раиси шаҳри Хуҷанд аз зиёд шудани гирифториҳо ва талафоти коронавирус дар ҳолест, ки Ситоди ҷумҳурявии муқовимат бо коронавирус дар Тоҷикист ва вазорати тандурустии кишвар то кунун дар бораи вазъи эпидомологии Хуҷанд изҳори назар накардаанд.

Вазорати тандурустӣ: "Вазъ муътадил аст"

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба “Азия-плюс” гуфт, ки вазъ ҳоло дар тамоми ҷумҳурӣ муътадил аст. “Ҳоло дар як шабонарӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамагӣ гирифторшавии то 41 нафар ба коронавирус сабт мешавад”.

Нигарониҳо дар Хуҷанд дар ҳолест, ки Ситоди ҷумҳурявӣ ва Вазорати тандурустӣ аз аввалини сабти эътироф кардани вуҷуди бемории коронавирус то кунун омори минтақаҳоро пешниҳод намекунад, танҳо омори ҷамъии тамоми кишварро дар як шабонарӯз ироа мекунад.

Яке аз хиёбонҳои Хуҷанд. Майи 2020
Акс: Asia-Plus

Таҳмина Усмонова, директори Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологӣ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, бо вуҷуди корҳои тарғиботӣ ҳанӯз ҳам мушкилӣ боқист. Ҳарчанд меъёрҳои пешгирь аз бемории COVID-19 дар тӯйҳо ба қадри имкон риоя мегардад, вале дар Хуҷанд гирд омадани одамон дар маросими дафн вазъро мушкилтар сохтааст.

Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “ҳоло хавф бештар дар маросими дафн аст, ки сокинон риоя накарда истодаанд. Ҳоло ҳам дар маросими дафн одамони зиёд гирд меоянд, ки мумкин нест. Мо баъди иҷлосия ба раисони кумитаи маҳаллаҳо фаҳмонидем, ки дар ин самт назоратро пурзӯр кунанд. Дар мавриди савдои сари кӯча, ки дар зиммаи шуъбаи корҳои дохилӣ аст, ҳамкорӣ карда истодаем”.

Дар ҳоле масъулин аз меъёри одамон дар тӯйҳо  ва маросими дафн мегӯянд, ки кӯчаву бозор ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд аз одамон лабрез аст. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар бештари маврид режими пӯшидани ниқоб ва фосилагирии иҷтимоӣ риоя намегардад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз ин бисёр мегӯянду менависанд. Хусусан аз ҷамъ шудани шумори зиёди одамон дар ҷашну маъракаҳо ва чорабиниҳои ҳукуматӣ, ки эҳтимоли гирифтор шуданро зиёд мекунад.

Аммо дар Хуҷанд раиси шаҳр ба Коммиссияи муқобила бо бемории COVID-19 супориш додааст, ки савдои кӯчагиро барҳам диҳанд ва баргузории маросими тӯйро ба танзим дароранд, фаъолияти марказҳои дилхуширо манъ кунанд.

“Гурӯҳи корӣ таъсис диҳед, барҳам медиҳем савдои кӯчагиро, маросими тӯйю маъракаҳоро бинетон, агар ба тартиб надароранд, маҷбур мешавем манъи маросими тӯйро пешнищод кунем. Вақте ба баргузории тӯй иҷозат медиҳед, розигии хаттияшро гиред, ки дар он зикр намояд “ягон кас меъёрро вайрон намекунад”. Қонуншиканӣ шуд, ҷазои сахттар додан лозим аст”.

Раисони маҳал чӣ мегӯянд? Ба омори Вазорат бовар кунем?

Интиқоди раиси шаҳри Хуҷанд аз кори раисони маҳаллҳо дар ҳолест, ки раиси яке аз кумитаҳои маҳал дар Хуҷанд ба шарти набурдани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо бо гурӯҳи корӣ ба мардум фаҳмонида истодаанд, ки берун набароянд ва эҳтиёт кунанд, аммо “шумори беморон, ки зиёд шуда истодааст, ҳама нигаронӣ мекунад”.

Ин раиси кумитаи маҳал мегӯяд, ки мардумро мефаҳмонем, тавсияҳои мақомот ва духуронро мерасонем, вале мардум ба гуфтаҳои онҳо камтар гӯш медиҳанд.

Дар Тоҷикистон аз оғози буҳрони коронавирус ба омори пешниҳодкардаи Ситоди ҷумҳурявӣ ва вазорати тандурустӣ мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо шакку шубҳа менигаранд, вале Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин нигарониҳо бепояанд: “Вазорат барои пинҳон кардани омор манфиатдор нест. Мо ҳар чӣ, ки ба қайд мегирем, дар сомона нашр мекунем ва манзури воситаҳои ахбори омма мегардонем”.

Тибқи омори мавҷуд, аз оғози сабти пандемияи коронавирус то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 4 ҳазору 650 мавриди сирояти беморӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин шумор 3114 нафар дар ду беморхонаи Суғд ва таваллудхонаи шаҳр табобат гирифта, ҳамзамон 1536 нафар дар зери муоинаи амбулатории духтурон қарор доштанд. Вале бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар тамоми ҷумҳурӣ то 20-уми октябр шумораи гирифторон 10 ҳазору 574 нафар аст, ки аз ин шумора 9 ҳазору 617 нафар сиҳат шудаанду 80 нафар фавтидааст. Ин арқомро агар ба омори гириторшудагон дар шаҳри Хуҷанд муқоиса кунем, ба ҳисоби содаи риёзӣ 44% тамоми гирифторони ҷумҳурӣ аз Хуҷанд будаанд. Вазорати тандурустӣ дар шарҳи ин омор ба "Азия-Плюс" гуфт, ки онҳо бори дигар арқомро таҳлил мекунанд ва шумораи дурустро пешниҳод мекунанд.   

Пизишкон чӣ мегӯянд?

Дар ҳамин ҳол зиёд шудани гирифторӣ ба ин бемориро бархе аз духтурон дар Хуҷанд ҳам таъйид мекунанд.

Яке аз пизишкони Хуҷанд мегӯяд, ки дар воқеъ дар як моҳи ахир шумораи беморони гирифтори коронавирус зиёд шудааст. Ин марбут аст ба бемориҳои мавсимии тирамоҳӣ, оғози соли таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо, риоя накардани режими ниқобпӯшӣ ва фосилагирии иҷтимоӣ. Ҳамчунин як далели дигар, моломол будани бозору нақлиёти ҷамъиятӣ аз мардум аст.

Тоҷикистон
Акс: Радиои Озодӣ

Ба гуфтаи ин пизишк, омори расмӣ ба воқеият мувофиқат намекунад. Дар беморхонаҳо танҳо бемороне пазируфта мешаванд, ки бемори вазнинанд ё вазнини миёнаанд. "Таъмини беморон бо доруворӣ хеле кам аст ё тамоман вуҷуд надорад. Дар беморхонаҳо беморон ройгон табобат мешаванд. Ҳеч гуна иловапулии ваъдашудагӣ ба мо дода намешавад.  Ҳар як сокини кишвари мо бояд худ ва наздиконашро эҳтиёт кунад, ба худтабобаткунӣ даст назанад, меъёрҳоро риоя кунад",- нигаронӣ мекунад ин пизишк.

Пизишки дигар низ аз Хуҷанд мегӯяд, ки шумораи беморон зиёд шуда истодааст ва ҳар ҳафта теъдод меафзояд. “Арқоми омори расмӣ поин оварда шудаанд, вале дар ҳақиқат вазъ ҷиддан нигаронкунанда аст. Беморхонаҳо пур шудаанд, вазъ бисёр вахим аст”.

Ҳарчанд нигарониҳои расмии ҳукумати Хуҷанд ва духтурон аз зиёд шудани мавридҳои гирифторӣ ба бемории каронавирус расонаӣ шуд, вале то кунун чораҳои қатъии иловагӣ ё маҳдудкуниҳо дар ин шаҳр роҳандозӣ нашудааст. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои ин кор далел ва ниёзе вуҷуд надорад. Аммо аз ҳама беш нигаронии мардум боқист ва иттилои пешниҳодшуда мардумро қаноат дода наметавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.