Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гуфтааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1143 нафар сокини ин вилоят аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд. Бино ба иттилои ин ниҳод, вуруди ин шаҳрвандон ба Русия “муваққатан манъ гардидааст”.
Соли ҷорӣ ба ин ниҳод 3 ҳазору 100 нафар муҳоҷир барои дақиқ кардани он ки ҳаққи сафар ба Русияро доранд ё не, муроҷиат кардаанд. Дар пайи санҷиши шиноснома ва муайян гардидани вазъи ҳуқуқӣ, дақиқ шудааст, ки сафари 1143 нафари онҳо ба Русия манъ карда шудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ба ин афрод бо муосидати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои ёфтани ҷойи кор ва омӯхтани касб ёрӣ кардааст. “Ба 83 нафар аз ин муҳоҷирон касб омўзонида, 350 нафар барои касбомўзӣ ҷалб шуданд. Инчунин 120 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин ва ба 56 нафар қарзи имтиёзнок дода шуд”,-омадааст дар хабарномаи раёсат.
Соли 2020 ба дунболи бемории ҳамагири коронавирус аксари кишварҳо аз ҷумла Русия низ дари худро ба рӯйи муҳоҷирон баст, ки маъмулан аксари хонаводаҳои тоҷик аз маблағи дарёфти муҳоҷирӣ вазъи иқтисодии худро беҳтар мекарданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Королева автомойки. История Лиды из Худжанда
Теперь "искусственный интеллект" можно изучать в вузах Таджикистана
Разделенный с семьей и отвергнутый родственниками: история таджикистанца из Украины
Казахстанского олигарха приговорили к 8 годам колонии за хищение
Президент Беларуси предложил объявить перемирие на Украине
Банк «Арванд» реализует программу по поддержке предпринимателей
В Зафарабадском районе открыты рыбоводческое хозяйство, ковроткацкий цех ручной работы и запущены линии водоснабжения
Представители Signify (Philips) рассказали таджикским специалистам о новых возможностях освещения
Участников программы переселения в РФ обяжут подтверждать знание русского языка
Смерть под грифом "секретно": Кто убил Сангака Сафарова и Файзали Саидова?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста