Олимони Раёсати динии мусалмонони Русия хулосае содир намуданд, ки мувофиқи он, ба мардони мусалмон тавсия дода мешавад, ки ба занони намояндаи дигар динҳо издивоҷ накунанд, хабар медиҳад Интерфакс.
“Шӯрои уламои Раёсат қарор кард, ки никоҳҳо бо намояндагони маҳзабҳо, аз ҷумла шахсони мазҳаби Китобҳои муқаддас (насрониҳо, яҳудиҳо - ИФ) дар қаламрави Русия нораво буда, танҳо дар мавридҳои муайяни ҷудогона бо қарори муфтии маҳаллӣ имконпазир аст, ки ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи мушаххаси мазкурро баррасӣ ва ба инобат мегирад”, - гуфта мешавад дар хулосае, ки рӯзи сешанбе дар сомонаи ташкилот нашр шудааст.
Ба ақидаи олимони соҳаи дини Раёсат, танҳо зани ғайримусалмоне, ки масалан, Исоро на Худо, балки дар баробари Муҳамммад (с) фиристодаи Худо мешумораду мавҷудияти як Худои ягонаро эътироф мекунад ва ба риояи фармудаҳои Қуръони Муқаддас омодагӣ изҳор менамояд, бо марди мусалмон ақди никоҳ баста метавонад.
Муаллифони изҳорот қайд мекунанд, ки барои ду шахси ба ин ҳад наздик мисли зану шавҳар ҷиҳати мустаҳкам будани иттифоқашон мавҷудияти арзишҳои умумӣ муҳим аст.
“Ягонагӣ, монандии ҳамсарон дар назар ба масоили динӣ ва маънавият муҳимтарин шарти ҳаёти якҷояи хушбахтонаи онҳост”, - таъкид мешавад дар хабари интишоршуда.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста