Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз се шаҳри Тоҷикистон ба Русия иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт намуд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Парвозҳо аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Кӯлоб иҷро карда мешаванд.
Дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон шумори парвоз ва рӯзи иҷрои онҳо дар давоми ҳафта тариқи зайл муқаррар карда шудаанд:
Душанбе – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;
Душанбе – Қазон, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Душанбе – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Душанбе – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;
Душанбе – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;
Душанбе – Уфа, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Хуҷанд – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Хуҷанд – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Хуҷанд – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;
Хуҷанд – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи ҷумъа;
Кӯлоб – Москва, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи шанбе.
“Хатсайрҳои мазкур барои баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки барои вуруд ба Русия мутобиқи фармоиши ҳукумати ФР аз 16 марти соли ҷорӣ (№635) асос доранд, пешбинӣ шудааст”, - қайд мекунад сафорат.
Шарти асосии иҷозаи парвоз барои шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, доштани маълумотномаи муассисаи тиббӣ (бо забони русӣ) дар бораи гирифтор набудан ба сирояти коронавирус аз рӯйи натиҷаҳои тест мебошад, ки на дертар аз се рӯз то замони вуруд ба Русия дода шудааст.
Билетҳо ба хатсайрҳои мазкур аз ҷониби намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон фурӯхта мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки ширкати дигари ҳавопаймоии Русия - “ЮТэйр” ҳанӯз аввали моҳи октябр барои анҷоми парвозҳои чартерӣ ҷиҳати аз Тоҷикистон ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия иҷозатнома гирифт. Ин ширкати тибқи ҷадвали тасдиқшуда аллакай якчанд парвоз ба иҷро расонида, парвози охирин аз Душанбе ба Маскав рӯзи 28 ноябр таъин шудааст.
Парвозҳо бо хатсайри Хуҷанд-Сургут пас аз тартиб додани рӯйхати мусофирон анҷом дода мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Какие дороги построят в Таджикистане в 2026 году?
Мадуро с женой предстанут перед судом в Нью-Йорке
Рустам Ятимов стал игроком года в кубковом турнире России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 января 2026 года
ТОП-10 самых просматриваемых видео «Азия-Плюс» за 2025 год
Самые яркие цитаты 2025 года: от низких тарифов на воду до греховного ботокса
Два клуба высшей лиги Таджикистана сменили главных тренеров
Зарплата от 60 до 200 тысяч рублей. Власти предлагают рабочие места таджикским мигрантам в России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 января 2026 года
Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста